СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗИ ДУЮМИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

05-06-2024
5-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар рӯзи дуюми ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷиҳати таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба соҳаи илму маориф, бартарият ба он ва нақши “Барномаи ғизои мактабӣ” дар рушду инкишофи зеҳнии хонандагон суханронӣ намуд.
Зимни баромади худ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки ҷаҳони муосир бо бӯҳронҳои зиёд рӯ ба рӯ гардида истодааст ва баромадан аз чунин бӯҳронҳои ба ҳам алоқаманд дар алоҳидагӣ имконнопазир аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф мекӯшад, то ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта саҳми арзандаи худро гузорад. Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар ин самт таъмини ғизои мактабӣ мебошад.
Манфиатҳои ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ хеле зиёд буда, он нишондиҳандаҳои хуби таълимию саломатии хонандагонро кафолат медиҳад. Мо боварӣ дорем, ки ғизои мактабӣ рушд хоҳад кард ва аз узви “Барномаи ғизои мактабӣ” будан, ки ҳоло ташаббусҳои муваффақ ва таъсирбахшро дар ин самт роҳандозӣ намуда истодааст, ифтихор мекунем.
Ёдовар мешавем, ки Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз 4-ум то 6-уми июни соли равон идома меёбад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон