«ТААССУБ ВА ИФРОТГАРОӢ – ЗУҲУРОТИ ХАТАРЗО»

15-02-2019
Дар ҷаҳони пуртаззоди имрӯза равияҳои террористию экстремистӣ ба авзои орому осоиштаи сайёра халал ворид сохта, аҳли ҷомеаро ба ташвиш гузоштааст.
Дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» рӯзи 14-уми феврали соли ҷорӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.  
Дар ҳамоиш намояндагон аз Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва маърӯза намуданд. 
Дар ҳамоиши илмӣ маърӯзаҳо зери унвони “Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ динӣ”, “Бетарафии масъулин метавонад шомилшавии ҷавононро ба ҳаракатҳои тундрав афзоиш диҳад”, “Терроризм падидаи номатлуби ҷомеа”, “Роҳҳои омӯзиши мавзуъҳои ифротгарои, экстремизм ва масъалаҳои ҳуқуқуқӣ”, “Терроризм вабои аср” ва масъалаҳои дигари марбут ба ин пададаи номатлуби ҷомеа мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
 
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО-корманди 
Маркази матбуоти Вазорати 
маориф ва илм