ТАҚДИМИ МЕДАЛИ ҶАШНИИ “25-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” БА МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИР

17-11-2020
   14-уми ноябри соли равон тибқи Фармоиши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони вазорату идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ” ба як қатор намояндагони соҳаҳои мухталиф медали ҷашнии “25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим карда шуд.
   Дар асоси ин фармоиш Муҳаммаддовуд Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ва дар сатҳи баланд гузаронидани Паради ҳарбӣ бахшида ба савгандёдкунии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ барои садоқат ба Президент бо медали ҷашнии “25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ гардид. 
  Мукофоти мазкурро субҳи 17-уми ноябри соли ҷорӣ аз номи роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Зиёев Шамсулло-сардори шуъбаи таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиа ва капитан Ғуломов Ҷамшед-муаллими калони сикли таёрии оташфишонии кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳузури вазири маориф ва илм, муовинони вазир ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ба М.Саломиён тақдим намуданд. 


Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон