Тақдими медали тилло ба директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷан

26-08-2021
Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ бо медали тилло барои “Навгониҳо дар соҳаи маориф” (За инновации в области образования)-и Федератсияии Россия қадрдонӣ шуд.
Қарори мазкур аз рӯйи натиҷаҳои озмуне, ки аз ҷониби Академияи бисёрсоҳавии таҳсилоти давомдори Федератсияи Россия барои фаъолияти навоварона дар соҳаи маълумоти олӣ эълон шуд, қабул шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пас аз баргузории конфронси илмӣ-амалӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоляити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ мукофоти мазкурро ба Дилафрӯз Саидӣ тақдим намуд.
Қобили зикр аст, ки чунин медали тилло бори нахуст ба яке аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуда, ҳадаф аз он ҳавасмандсозии роҳбарони макотиби олӣ ва омӯзгорони навовар дар ташаккул ва муаррифии илм ва мудирият (менеҷмент)-и муосир мебошад.
 
Маркази матбуоти Вазорати 
маориф ва илми
         Ҷумҳурии Тоҷикистон