ТАҚДИМИ “СИПОСНОМА”-И ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БА ҲАБИБУЛЛО ЭРГАШЕВ 

07-06-2022
7-уми июни соли ҷорӣ Ҳабибулло Эргашев – омӯзгори фанни химия -биологияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ноҳияи Восеи вилояти Хатлон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. “Сипоснома”-и вазоратро аз номи вазири маориф ва илми кишвар масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ нимаи рӯз ба омӯзгор туқдим намуданд.
Ҳамзамон, бо дастури вазири маориф ва илм Р.Саидзода аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба омӯзгор Ҳ.Эргашев роҳхат барои истироҳату табобат тақдим карда шуд.
Инчунин, дар пайравӣ ба иқдоми мазкур ба номбурда аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии Дангара Н.Шоҳиён “Сипоснома”, маблағи пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 4-уми июни соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Восеъ дидан намуд. Дар рафти боздиди синфхонаҳои таълимӣ ба мушоҳида расид, ки омӯзгори фанни химия-биологияи муассиса Ҳабибулло Эргашев дар соати 6:30-и субҳ ба санҷишу натиҷагирии дафтарҳои шогирдони худ машғул буд. Вазири маориф ва илм ба омӯзгори мазкур барои дарки масъулият ва иҷрои саривақтии рисолатии омӯзгорӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки насли ҷавон бояд содиқ будан ба касбро аз ин гуна омӯзгорон омӯзанд.