ТАҚДИМИ ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ПОЛИТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

12-03-2022
12-уми марти соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз компютер ва мизу курсиҳои он иборат буд, ба донишҷӯёни Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара тақдим намуд.
Зимни суҳбат бо донишҷӯён ва омӯзгорони муассиса зикр гардид, ки иқдоми мазкур ба хотири татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, омӯзиши технологияи муосир ва истифодаи он дар раванди таълим ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани сифати таҳсилот мебошад.
Вазири маориф ва илм аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззам миллат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, ҳамчун мутахассисони варзидаю соҳибкасби оянда барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ саҳми шоиста гузоранд.