ТАҚДИМИ ТУҲФАҲО БА ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ  НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

19-03-2022
Бо такя ба иқдомҳои ғамхорона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2017, №АП-983 тибқи дастури роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Мактаб-интернати  ноҳияи Шаҳритус туҳфаҳо, ки аз теъдоди зиёди рӯйпӯшҳо (одеяло) иборат буд, тақдим гардид.
Туҳфаҳоро аз номи роҳбарияти вазорат сардори Маркази матбуот Эҳсон Сафарзода 19-уми марти соли ҷорӣ ба тарбиятгирандагону омӯзгорони муассисаи мазкур тақдим намуд.
Номбурда нахуст хонандагону омӯзгорони муассисаро бо фарорасии баҳор ва ҷашни фархундаи миллӣ-Наврӯз табрик гуфта, зикр кард, ки тарбиятгирандагони муассисаи мазкур ба туфайли ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат ҳамчун насли шоиста ба воя расида, дар оянда ба ҳайси мутахассисони кордону боистеъдод дар ободиву пешрафти Ватани азиз саҳми фарзандии худро мегузоранд.
- Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқи кӯдакону наврасон ва ғамхориро дар ҳаққи онҳо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додааст. Дар баробари ин, садҳо нафароне имрӯз дар ҷомеаи мо мавқеи худро пайдо кардаанд ва хизмати халқу Ватанро шарафмандона ба ҷо оварда истодаанд, ки тарбиятгирандагони ин гуна муассисаҳо мебошанд,-зикр кард Э.Сафарзода. - Итминон дорам, ки аз байни шумоён, хонандагони азиз, дар оянда муҳандисону омӯзгорон, олимону муҳаққиқон, табибону ходимони фарҳанг ва ҳуқуқшиносони варзида ба камол расида, ифтихори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон мегарданд. Шумо фаромӯш накунед, ки фардои Тоҷикистони маҳбубамон аз саъю кӯшиш ва наслҳои ҳамсинну солатон дар таҳсил, аз худ намудани илму донишҳои муосир, забони модарӣ, забонҳои хориҷӣ ва техникаву технологияҳои ҳозиразамон вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки шумо аз ҳоло бо ғайрати дучанд таҳсил намоед, илму дониш омӯзед ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунед.
Ҳамчунин, як қатор тарбиятгирандагони муассиса аз дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумат, таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуда, дар назди ҳозирин дар васфи Наврӯз, Ватан ва Тоҷикистон шеърҳо қироат намуданд.
Сипас, Э.Сафарзода-сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм аз шарту шароити зист ва раванди таҳсили тарбиятгирандагон аз наздик шинос гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар Мактаб-интернати  ноҳияи Шаҳритус 82 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
З.Ҳусейнова