Таҳиягари мумтози осори таълимии рӯзноманигорӣ

06-09-2018
Доктори илми таърих, профессор Иброҳим Усмонов фаъолияти эҷодиашро дар самтҳои гуногун ба роҳ монда, омӯзиш, пажӯҳиш ва дастовардҳои илмии худро дар бахшҳои гуногуни соҳаи журналистика баробар татбиқ намудааст. Аз ин рӯ, илми ӯ ба таълим, таълимаш ба зиндагӣ ва зиндагиаш ба тарбияи ҷомеа сахт алоқаманд аст. 
И. Усмонов вақте ба кори муаллимӣ шурӯъ намуд, ки доир ба фанҳои тадрисии соҳаи журналистика ҳеҷ маводе бо забони тоҷикӣ мавҷуд набуд. Таълими фанҳои ихтисосӣ асосан аз рӯйи китобҳои муаллифони рус сурат мегирифт. Масъулияти омӯзгорӣ ӯро тақозо менамуд, ки барои тадриси фанҳои назария ва амалияи журналистика ва таърихи журналистикаи тоҷик, ки ба дӯшаш гузошта буданд, тайёр бошад. Ин тайёрӣ бо ду роҳ: истифодаи китобу воситаҳои таълимии даст-рас бо забони русӣ ва омӯзиши бевоситаи сарчашмаҳои ватанӣ сурат мегирифт. Масъулияти баланди пажӯҳишгариву омӯзгорӣ имкон фароҳам овард, ки ӯ ҳам тадқиқот барад, ҳам дарс гӯяд ва ҳам дастуру васоити таълимӣ нависад. Ӯ нахустин шуда соли 1978 дастури таълимии «Плани машғулиятҳои семинарӣ аз назария ва амалияи журналистика»-ро таҳия намуд, ки дар он моҳияти дарсҳои семинарӣ шарҳ ёфта, номгӯи мавзӯот ва тартиби ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо нишон дода шудааст. Баъд аз ду сол дастури дигари ӯ «Материалҳо доир ба машғулиятҳои амалии журналис-тика» (Қисми 1) ба табъ расид, ки жанрҳои ахбориву таҳлилии матбуотро дарбар мегирад. Чопи ин дастуроти таълимӣ дар самти омӯзиши роҳу равиши жанрҳои публитсистӣ, муайян намудани қолабҳои маъмулии онҳо ва таҳияи мавод дар матбуоти даврӣ раҳнамои хубе буд, ки мушкилоти донишҷӯёни гурӯҳи журналистикаро нисбатан осон ҳам кард. 
Баъдтар ин самти фаъолияти И. Усмонов рушд ёфта, аз таҳияи дастури таълимӣ то ба воситаи таълимиву китоби дарсӣ расид, ки «Жанрҳои васоили иртиботи ҳамагонӣ» (Кобул, 1981, ҳаммуалиф К. Оҳанг), «Таърихи матбуоти ҷаҳон» (Кобул, ҷ.1, 1982, ҳаммуаллиф Ҷ.Ҷунбиш), «Мисолҳо аз жанрҳои васоили иртиботи ҳамагонӣ» (Кобул, 1982), «Таърихи матбуоти ҷаҳон» (Кобул, ҷ.2, 1983, ҳаммуаллиф Ҷ.Ҷунбиш), «Рӯзномаро донис-тан мехоҳам» (Душанбе, 1986), «Журналистикаи советии тоҷик» (Душанбе, 1989, ҳаммуаллиф А. Нуралиев, А.Саъдуллоев, У Гулмуродов), «Таърихи матбуоти тоҷик» (Душанбе, 1997, ҳаммуаллиф Д. Давронов), «Назарияи публитсистика» (Душанбе, 1999), «Таърихи журналистикаи тоҷик» (Душанбе, 2008, ҳаммуаллиф Д. Давронов), «Жанрҳои публитсистика» (Душанбе, 2009) аз қабили онҳост.
Вақте ба маводи таълимии таҳиянамудаи И. Усмонов аз меъёри хронологӣ назар меафканем, қонунияти таҳлили индуктивӣ ба хотир меояд. Яъне, муаллиф дар ин самти фаъолияти худ усули аз ҷузъ ба кулро истифода намудааст. Албатта, ин ҷо манзур фаҳмиши пурраи мантиқии ин усул нест, аммо гуфтанист, ки дар таълифи маводи таълимӣ муаллиф зина ба зина пеш рафтааст. Чунончи ишора шуд, нахустин мавод дар ин бахш нақшаи методӣ аст, ки таъйиноти мушаххас намудани мундариҷаи фан, ба низом даровардани мавзӯот, раҳнамоӣ намудан ба ҷараёни машғулиятҳо ва ба самти муайян равона кардани фаъолияти мустақилонаи донишҷӯёнро дорад. Дастури дуюм, ки  як навъ идомаи дастури аввал аст, аз ҷиҳати ҳаҷм васеъ ва аз нигоҳи муҳтаво ғанитар буда, на танҳо дар самти ба низом даровардани машғулиятҳои амалӣ ва раҳнамоӣ намудан ба  кори мустақилонаи донишҷӯён, балки дар шинохти мавзӯъҳо – жанрҳои публитсистӣ ва ба ин васила ташаккули фаъолияти эҷодии муҳассилин низ ёрӣ расонида метавонад.
Дар таҳияи дастури «Рӯзномаро донистан мехоҳам»  (1986) муаллиф боз зинае болотар мебарояд. Як зина боло рафтани муаллифро танҳо ба ғановати мундариҷаи китоб не, балки дар тарзи баррасии мавзӯъҳо метавон нисбат дод. Мундариҷаи ин китоб ба дарку фаҳмиши мактаббачаҳо мувофиқ кунонида шудааст, ки ҳар як хонандаи навраси ҳаваси журналистӣ дошта мавзӯъҳои онро ба осонӣ  фаҳмида метавонад. Аз ин китоб хонандаи хурдсол дар бораи моҳияти рӯзнома, мафҳумҳои публитсистика, воситаҳои ахбори омма, жанрҳои журналистика ва амсоли ин маълумот пайдо мекунад, балки ба моҳияти онҳо сарфаҳм меравад. Китоби мазкур хусусияти ба худ хос дорад, ки он, пеш аз ҳама, ба усули таҳлили муаллиф алоқаманд аст. 
Ҳамин тавр, мавзӯи жанрҳои публитсистӣ баъд аз ин китоб дар китобҳои «Журналистикаи советии тоҷик» (1989) ва «Жанрҳои публитсистика» (2009) идома меёбад. Китоби аввал ҳарчанд хусусияти омӯзишӣ дошта, доир ба баъзе нуқтаҳои таърихи журналистика, махсусияти публитсис-тика, алоқаи он бо ҳаёт ва журналистони боистеъдод низ нақл мекунад, аммо дар маркази он жанрҳои матбуот қарор доранд. Аз нигоҳи таснифот ва номгӯи жанрҳо ин китоб ба дастури зикраш рафта монандӣ дошта бошад ҳам, ин монандии нисбӣ аст. Дар ин ҷо таносубан муносибати муҳаққиқӣ афзалият пайдо карда, на танҳо хусусияти жанрҳои алоҳидаи журналистӣ мавриди таҳлил қарор мегирад, балки ҳамбастагии онҳо бо матбуоти даврии тоҷик  низ нишон дода мешавад. Масъалаи чигунагии жанрҳои журналистика дар асари дигари ӯ «Жанрҳои публитсистика» тақвият ёфтааст. Ин асар, ки ба сифати китоби дарсӣ барои донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои журналистика тавсия шудааст, масъалаи шинохти жанрҳои публитсистикаро бо назардошти инкишофи воситаҳои ахбори омма, бахусус, матбуоти даврии тоҷик фаро гирифтааст. Китоби мазкур чанд аломати хос дорад, ки фарқи онро аз китобу дастуроти қаблан доир ба ин мавзӯъ навиштаи муаллиф нишон медиҳад. 
Ба назар чунин мерасад, ки дар ҷараёни таълим татбиқ намудани барномаи курси «Таърихи матбуоти тоҷик» барои нашри дастури таълимӣ оид ба ин фан, ки соли 1997 дар шакли китоби алоҳида бо ҳаммуаллифии Д. Давронов чоп шуд, замина фароҳам овардааст. Ин китоб агарчи ба сифати дастури таълимӣ пешниҳод гардидааст, аммо ағлаби мавзӯоти он хусусияти таҳқиқӣ дошта, бевосита аз ҷониби муаллифон дар натиҷаи омӯзишу ковишҳо дар солҳои тӯлонӣ ҳосил шудааст. Ба назари инҷониб чунин шакл гирифтани кор бе асос нест, балки ба табиати фан алоқамандӣ дорад. Табиати фан, аз як тараф, водор намудааст, ки раванди таърихии пайдоиш, ташаккул ва инкишофи  матбуоти тоҷик дар заминаи факту далоили мушаххас ва таҳлилҳои илмӣ нишон дода шавад,  аз ҷониби дигар, воқеаву рӯйдодҳои касбии бо факту далел асоснокшуда шарҳу тавзеҳ ёбанд. Бинобар ин, дар ин дастур ҳам маълумоти таърихӣ, ҳам қомусӣ ва ҳам сирф тадқиқотиро мушоҳида мекунем. 
Муаллифон бо чопи ин китоб қаноатманд нашуда, омӯзишу пажӯҳишро идома додаанд, ки ҳосили он дар соли 2008 бо номи «Таърихи журналистикаи тоҷик» ба табъ расид. Ин китоб ҳарчанд як навъ такмили дастури «Таърихи матбуоти тоҷик» аст, аммо бо якчанд хусусият аз он фарқ мекунад. Аввалан номи китоб, ки ҳуқуқи фарохтар пайдо кардааст. Агар дар дастури аввал ба истиснои маълумоти мухтасар доир ба Радиои тоҷик, ки дар саҳифаҳои 147-148 дарҷ гардидааст, тамоми мавзӯот ба воситаи классикии ахбори омма – матбуот бахшида шуда бошад, китоби дуюм тамоми ВАО-и Тоҷикистонро фаро гирифтааст, ки дар маҷмӯъ, таърихи журналистикаи тоҷик аст. 
Дар бораи саҳми профессор И. Усмонов дар таҳия ва таълифи маводи таълимӣ сухан ронда, аз ду китоби дигари ӯ «Назарияи публитсистика» (Душанбе, 1999) ва «Журналистикаи иҷтимоӣ» (2010, ҳаммуаллиф Флорова Т.И.)  наметавон сарфи назар кард. Ин китобҳо ба ҳайси дастури таълимӣ чоп шуда, ҷанбаи назарӣ доранд. Китоби аввал як навъ матхали ихтисос аст, ки ба муҳтавои эҷодии журналистика иртибот дорад. Дар ин дастур моҳият, мақсад ва хусусияту таъйиноти журналистика, вазифа ва усулҳои он, озодии баён, умумият ва фарқи журналистикаву публитсистика, публитсистика ва сиёсат, публитсистика ва қонун, системаи ахбори омма ва амсоли ин таҳлилу баррасӣ шудааст. Дар ин дастур истилоҳоти касбии рӯзноманигорӣ, мафҳумҳо ва масъалаҳои марбут ба назарияи публитсистика бо усули содаву равон чунон ташреҳ ва маънидод шудааст, ки хонанда ба осонӣ на танҳо дар бораи журналистика, иртиботи журналистикаву публитсистика, сиёсат, ҳаёти иҷтимоиву касбӣ маълумоти муфассал пайдо намуда, донишашро меафзояд, балки роҳҳои чӣ гуна навиштан, муассир гардонидани матлабро аз бар намуда, аз рӯйи хусусият дар куҷо нашр кардан матлабро мефаҳмад.
Гарчанде аз интишори дастури мазкур наздик ба 20 сол сипарӣ шудааст, аксари мавзӯоти он то имрӯз моҳияти худро нигоҳ дошта, ҳамчун пояи асосии назарияи журналистика дар шинохти моҳият ва қонунмандиҳои ин пеша ва ташаккули донишҳои касбии рӯзноманигорони оянда  хизмати муассир карда метавонад.
Дастури таълимии «Журналистикаи иҷтимоӣ» (Шахс дар муҳити иттилоот), ки соли 2010 ба табъ расидааст, дар низоми таълими рӯзоманигории тоҷик маводи нисбатан нав аст. Муаллифии аслии ин китоб Флорова Т. И. бошад ҳам, дар тарҷума ва ба муҳити иҷтимоии Тоҷикистон мувофиқ намудани мундариҷаи он саҳми профессор И.Усмонов калон аст. Китоб шомили ду қисм ва 4 боб буда, дар он моҳияти журналистикаи иҷтимоӣ, муҳити иҷтимоӣ ва мавқеи инсон дар он, ташвишҳои ҷаҳони муосир ва нақши рӯзноманигорон дар инъикосу баррасии онҳо, дирӯз ва имрӯзи таваҷҷуҳи расонаҳои иттилоотӣ ба  иҷтимоиёт, намунаҳои касбии журналистикаи иҷтимоӣ маънидод, таҳлил ва баррасӣ шудааст.
Аз баррасии обзории ин дас-туру китобҳо бори дигар мутмаин мешавем, ки профессор Иброҳим Усмонов дар таҳияи маводи таълимӣ ва ба ин васила тарбияи касбии на танҳо рӯзноманигорони тоҷик, балки рӯноманигорон афғонистонӣ низ саҳми арзанда дорад. Бахусус, ӯ дар низоми таълими рӯзноманигории тоҷик бо таҳияи нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои намунавӣ, воситаву дастуроти таълимӣ, китобҳои дарсӣ аз зумраи пешсафон маҳсуб меёбад. Дастуру китобҳои таълимии ӯ бо вуҷуди аз нигоҳи методӣ ба талабот ва таъйиноти дастури таълимӣ ва китоби дарсӣ пурра ҷавобгӯй набудан, аз лиҳози мундариҷа ва муҳтаво ба арзиши баланди илмию таълимӣ қоиланд ва дар ҷараёни тадриси фанҳои касбӣ чи барои донишҷӯён ва чи барои муаллимон ҳамчун адабиёти асосии тадрисӣ истифода мешаванд. 
Ҳамин тавр,  И. Усмонов дар таълифу таҳияи маводи таълимӣ роҳу усули хоси худро интихоб намуда, онро тадриҷан такмил дода ба шакл даровардааст, ки аз саҳми ӯ дар ин бахши тарбияи касбии журналистон дарак медиҳад. Ин бахши фаъолияти ӯ дорои вижагиҳои хоси манфиатбор аст, ки на танҳо барои муҳассилин, балки барои омӯзгорон ҷиҳати омӯзиш ва инкишофи  таърих ва назарияи журналистика аз аҳамият холӣ нест. Умед мебандем, ки омӯзгорони шуъбаву факултаҳои кишвар аз ин асарҳои пурарзиш на танҳо дар раванди тадрис истифода мебаранд, балки дар заминаи омӯзиши онҳо иқдомҳои муаллим Усмоновро идома дода, дастуру восита ва китобҳои таълимии замонавиро таълиф мекунанд ва ба ин васила як навъ иртиботи гузаштаву имрӯзаро дар ин бахши фаъолияти касбӣ ба вуҷуд меоранд.
 
Мурод МУРОДӢ,
 профессор