ТАҲИЯИ СТАНДАРТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

19-01-2023
Рӯзи 18 январи соли 2023 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Наврӯз Мирзозода ҷаласаи гурӯҳи корӣ ҷиҳати баррасии лоиҳаи Стандарти байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ бо иштироки кормандони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор гардид.
Гурӯҳи корӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидан ва ба роҳ мондани фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мубодилаи афкор намуда, аз таҷрибаи муассисаҳои таълимии байналмилалии кишварҳои пешрафта, ба монанди Австрия, Канада, Лаҳистон, Федератсияи Русия истифода карда, фикру андешаи худро ҷиҳати таҳия ва такмили лоиҳаи Стандарти байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ иброз доштанд. 
Раиси ҷаласа қайд карданд, ки дар баробари таҳияи лоиҳаи стандарти мазкур ба мо зарур аст, ки лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигарро низ ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба онҳо бо назардошти фарогирии ҳамаҷонибаи самти фаъолияти муассисаҳои таълимии мавриди таваҷҷуҳ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намоем. Бо ин мақсад дастур доданд, ки масъалаи мазкурро бори дигар ба таври ҳамаҷониба аз таҷрибаи муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон омӯхта, хулосаҳои худро ба гурӯҳи корӣ дар рӯзҳои наздик пешниҳод намоянд.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон