ТАҲИЯИ ВОСИТАҲОИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

20-06-2019
20-уми июни соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинари омӯзишии «Таҳияи воситаҳои арзёбии сифати таҳсилот» баргузор гашт. Дар кори семинар Л. Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм, С. Ҷаъфаров-муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тренерони касбӣ ва иштирокчиёни семинар ширкат варзиданд.
Л. Назирӣ-дар ифтитоҳ иброз дошт, ки низоми арзёбии омӯзиш ва сифати таълим шаклҳои мавҷудаи арзёбии раванд ва натиҷаҳои таълимро ба стандартҳои қабулшудаи таълим таъмин мекунад.
Инчунин, иброз гашт, ки вазифаи асосӣ ва мубрами низоми мазкур расонидани иттилооти саривақтӣ ва бамаврид оид ба самаранокӣ ва сифати машғулиятҳои таълимӣ ва натиҷаҳои онҳо мебошад. Бо таҳияи низоми мазкур арзёбии сатҳи миллии таҳсилот ва стандартҳои таълим ва натиҷаҳои барномаҳои таълимӣ муайян карда мешаванд.
Семинари мазкур дар доираи ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо барои кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ин давраи омӯзиш то 28-уми июни соли ҷорӣ идома меёбад.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО