ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ШУЪБАҲОИ МАОРИФИ НОҲИЯҲОИ СИНО, ФИРДАВСӢ ВА ШОҲМАНСУР

01-08-2022
1-уми августи соли 2022 бо фармоишҳои дахлдори Саидзода Раҳим Ҳамро – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Давлатзода ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино, Дилафруз Раҷабзода ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ва Ҷамила Мусоҷонова ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур таъйин гардиданд.
Маросими муаррифии мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои мазкур дар толори мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ва дигар шахсони масъул сурат гирифт.
Зимни муаррифии кадрҳо муовини вазири маориф ва илм З.Абдулзода дар такя ба дастуру супоришҳои вазири маориф ва илм аз мудирони шуъбаҳои маорифи навтаъйиншуда даъват ба амал овард, ки дар вазифаҳои хизматӣ софдилона ва бо масъулияти баланд фаъолият намуда, ҷиҳати рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ саҳми назаррас гузоранд.

Комрони Аслон