ТАКМИЛИ АРЗЁБИИ ДОНИШ ВА МАҲОРАТУ МАЛАКАИ ХОНАНДАГОН

13-06-2024
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ имкону шароит фароҳам омад, ки дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд ояд, ки дар ин миён соҳаи маориф истисно нест. Бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф тадриҷан ба марҳалаи нав ворид гардида, шароити таҳсилу омӯзиш барои фаро гирифтани донишҳои замонавӣ фароҳам оварда шуд. Имрӯз имконот ва шароит барои таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсил таъмин гардидааст ва барои ворид гардидан ба таҳсилоти ҷаҳонӣ аз ҷониби Давлат ва Ҳукумат мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешавад. Аз ин ҷост, ки сол то сол сатҳу сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ баланд гардидаву дастоварди хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас мебошад. Бо рушди технологияи муосир ва ҷорӣ гардидани навгониҳои таълим дар ҷаҳони муосир, соҳаи маорифи кишвар низ ислоҳоти бомаром пайдо мекунад. Ҳадафи ислоҳот аз он иборат аст, ки хонандагон, аз як тараф, ҳамқадами замон бошанд, аз ҷониби дигар, донишҳои муосирро зуд азхуд намоянд. Ба ин мазмун, чандест, ки Вазорати маориф ва илм таҷдиди назар намудани мазмуни таҳсилот ва баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои таълим ва омӯзишро дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ва гузаштан ба низоми баҳогузории 10-хола устуворона идома дода истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (01.09.2022) дар бораи зарурати гузариш ба низоми баҳодиҳии бисёрхола чунин пешниҳод карданд: «Бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад».
Мусаллам аст, ки ҷараёни ислоҳоти низоми таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани баҳогузории бисёрхола бо мақсади мутобиқ сохтани низоми арзёбии дониши хонандагон ба меъёрҳои таҳсилоти байналмилалӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, зерсохторҳои он, олимон, коршиносон ва омӯзгорон афзалиятҳои гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳогузориро дар қиёс бо низоми муқаррарии баҳогузории 5-хола чунин арзёбӣ кардаанд:
— дар раванди арзёбӣ аз рӯйи низоми баҳогузории 5-хола омӯзгор танҳо аз чор баҳо – «2» (ғайриқаноатбахш), «3» (миёна), «4» (хуб), «5» (аъло) истифода бурда, ба баҳои «1» эътибор намедиҳад, ки ин омил боиси воқеӣ набудани баҳо ба дониши хонанда гардидааст;
— дар бисёр ҳолатҳо ба ҳаҷми муайяни дониши хонанда як омӯзгор баҳои «3», омӯзгори дигар баҳои «4» мегузорад ё баръакс. Баҳогузорӣ дар чунин вазъият на ба риояи низом ва меъёрҳои арзёбӣ, балки бештар ба ҳолати равонӣ вобастагӣ пайдо мекунад;
— супоришҳое, ки аз тарафи хонанда иҷро карда мешаванд, аз ҳамдигар фарқ доранд, вале ин фарқро дар низоми 5-хола инъикос намудан ғайриимкон аст. Масалан, агар 8 хонанда аз 30 нафар баҳои «5» гиранд, муайян кардани ҷавоби беҳтарин имкон надорад.
— ба арзёбиҳои ташхисӣ, ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ дар сатҳи синф таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда намешавад.
Дастовардҳои таълимии хонандагон аз рӯйи ҷадвали ифодаи рақамии низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои (чаҳордараҷаӣ)-и арзёбии сатҳи дониш, малака ва маҳорати хонандагон баҳогузорӣ карда мешаванд. Дараҷаи паст холи (баҳо)-и 1-ро дар бар мегирад, ки ба хонанда аз рӯйи азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии он дар ҳаҷми пасттарин ҳам таъмин карда нашудааст, гузошта мешавад. Дараҷаи ғайриқаноатбахш – баҳои 2 ба хонандае гузошта мешавад, ки азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии онро дар сатҳи паст нишон дода, ба хатоҳои ҷиддӣ ва ҷузъии зиёд роҳ медиҳад. Дараҷаи нокифоя –баҳо (хол)-и 3 мебошад, ки дар он хонанда маводи назариявӣ ва амалии таълимиро бо кумаки омӯзгор дар ҳаҷми нокифоя аз худ мекунад, вале дар амал онҳоро татбиқ карда наметавонад. Дараҷаи миёна – баҳо (хол)-и 4 ба хонандае гузошта мешавад, ки мазмуни қисмҳои матн, қоидаҳо, таърифҳо, формулаҳо, қонунҳо ва ғайраро камтар аз ҳадди ақали талаботи барномаи таълим аз худ мекунад;
— хусусиятҳои маводи омӯхташударо пай дар пай баён мекунад…
Ҳамин тавр, баҳои (хол)-и 10 ба он хонандае гузошта мешавад, ки азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии онро бештар аз талаботи барномаи таълим намоиш медиҳад;
— дар раванди омӯзиш фикру идеяҳои дурустро пешниҳод мекунад ва тавассути муқоиса, таҳлил, хулоса ва қабули қарорҳои дуруст мушкилоти иҷрои супоришро дар вазъияти маъмул ва ғайримаъмул пурра бартараф месозад:
— малакаҳои эҷодӣ, таҳлилӣ, таҳқиқотӣ ва иртиботии худро рушд ме­диҳад, ба ягон хато роҳ намедиҳад, аз адабиёти иловагӣ васеъ истифода мебарад.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди гузаштан ба низоми 10-холаи баҳогузориро тавассути гурӯҳҳои корӣ дар 140 муассисаи таълимӣ роҳандозӣ намуда, аз ҷониби мутахассисони соҳа ба таври амиқ мавриди таҳқиқ ва таҳлилу омӯзиш қарор додааст.
Дар «Дастурамал оид ба озмоиши низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2023)» оварда шудааст, ки натиҷаи арзёбии ҷамъбастии ниҳоӣ дар журнали синфӣ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамчун баҳои ҷамъбастии нимсола, солона ва аттестатсия қайд карда мешавад.
Маълум аст, ки соҳаи маориф ҳамвора рушду такомул ёфта, навгониҳои зиёд дар ин самт ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, низоми баҳогузории 10-хола имкон медиҳад, ки низоми маорифи мо ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардад ва ҳангоми баҳогузорӣ шаффофият риоя гардад. Дар илми педагогика ва психология муайян шудааст, ки арзёбии дурусту холисонаи дониши хонанда ба ӯ таъсири руҳию равонӣ мегузорад. Низоми баҳогузории 10-хола имкон медиҳад, ки ба ҳар як хонанда баҳо ба таври воқеӣ гузошта шавад, ки ин омил шавқу рағбати онҳоро ба омӯзиш ва азхуд намудани муҳтавою ғояи китобу дастур ва барномаи таълимӣ зиёд мегардонад.
Шоистаи таъкид аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҷараёни омода намудани устодону омӯзгорон ҷиҳати фаро гирифтани мазмуну муҳтавои тадрис тибқи низоми баҳогузории 10-хола бомаром идома дорад. Озмоише, ки дар муассисаҳои таълимӣ ҷараён дорад, хушҳолкунанда буда, дар он ҳамаҷониба раванди татбиқи ин низом мавриди омӯзишу таҳлил ва санҷиш қарор дода мешавад. Низоми мазкур имкон медиҳад, ки дар раванди таълим ҳам хонанда фаъол бошад ва ҳам омӯзгор мунтазам дар масири омӯзиш қарор гирад ва бо роҳу шеваҳои пурсамар дарсашро рангину ҷолиб баргузор намояд. Имрӯзҳо бо ибтикори Вазорати маориф ва илм семинарҳои омӯзишӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисон ба низоми баҳогузории 10-хола роҳандозӣ гардидааст, ки дар ин самт қадами ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин семинарҳо вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода бевосита иштирок менамояд, бо омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҳамсуҳбат мегардад, муҳиммияти гузаштан ба низоми баҳогузории 10-холаро таъкид мекунад. Суҳбату вохӯриҳои вазир ба омӯзгорон неруи тоза мебахшад ва шавқу рағбати онҳоро ба касби омӯзгорӣ боз ҳам бештар менамояд. Омӯзгорон барои ҳарчи бештар ворид гардидан ба низоми баҳогузории 10-хола ва татбиқи он омода мешаванд. Арзёбии дониш хонандагон аз рӯйи низоми баҳогузории 10-хола барои ворид гардидан ба таҳсилоти ҷаҳонӣ ва муаррифии соҳаи маорифи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Дар семинарҳои омӯзишӣ мутахассисони варзида ва донишмандони соҳа нозукию мушкилиҳои низоми баҳогузории 10-холаро ба омӯзгорон шарҳу тавзеҳ мебахшанд. Дастуру китоб ва барномаҳои таълимӣ дар асоси низоми бисёрхола омода гардида истодаанд, ки он имкон фароҳам меорад, ки ҳар чи зудтар низоми маорифи миллии мо рушд ёбаду ҳамқадами замон гардад.
Дарвоқеъ, гузаштан ба низоми баҳогузории 10-хола дар заминаи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Стратегияи милии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ва қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи «Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳогузорӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон» роҳандозӣ мешавад. Бинобар ин, гузаштан ба низоми баҳогузории 10-хола қадами устувор дар масъалаи пешрафти бомароми соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, омили муҳим ҷиҳати ворид гардидан ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот мебошад.

Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»