Таҷлили Наврӯз дар вазорат

31-03-2018
31 марти соли 2018 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бошукӯҳ таҷлил гардид. Дар он вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм Р.Одиназода, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба, кормандони вазорат ва зерсохторҳои он иштирок карданд. Нахуст вазири маориф ва илм Нуриддин Саид иштирокдоронро бо Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва бо талошҳои пайвастаи Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳон пазируфта шуд.
Сипас, як қатор кормандони вазорат, ки дар пешрафти соҳаи маориф фаъолияти густурда доштанд, қадрдонӣ гардиданд. Бахшида ба Наврӯзи бостонӣ 2 нафар бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», 10 нафар бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати маориф ва илм, 5 нафар бо Ифтихорономаву Сипосномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва 5 нафар бо Ифтихорномаи Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Консерваторияи Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулови шаҳри Душанбе, Коллеҷи хореаграфии Тоҷикистон ба номи М.Собирова бо барномаҳои рангину фарҳангии худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.