ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

11-03-2022
11 – марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии идона баргузор гардид.
Дар оғоз Ҷ. Ҷӯразода – муовини якуми вазири маориф ва илм кормандони Маркази матбуоти вазоратро ба ифтихори Рӯзи матбуот табрику таҳният гуфта, барояшон пирӯзиҳои рӯзафзуни касбиро орзу намуд ва ҳамзамон, қайд кард, ки 11 - март Рӯзи матбуоти тоҷик аст, ки ҳамасола дар саросари кишвар аҳли қаламу сухан ин рӯзро истиқбол менамоянд. Маҳз, бо назардошти нақши созандаи “Бухорои Шариф” дар таҳаввулу ташаккули афкори солиму созандаи аҳли ҷомеа, рушди мактабу маориф, фарҳанг, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ санаи нашри нахустин шумораи он яъне 11 март дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҳамчун иди касбии аҳли матбуот муқаррар гардид.
Сипас, ба кормандони Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илм “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илм ва аз ҷониби намояндаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ифтихорнома” тақдим гардид.
 
З. Ҳусейнова