ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

05-03-2022
5- уми марти соли ҷорӣ дар бинои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, кормандони дастгоҳи марказӣ ва бахшу сохторҳои зертобеи вазорат бахшида ба Рӯзи модар чорабинии идона  баргузор гардид. 
Дар оғоз Р. Саидзода-вазири маориф ва илм аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муазами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бонувон ёдовар шуда, иброз дошт, ки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба ҳаёти занон таъсири амиқи худро гузошт. Соҳибистиқлолӣ чунин муҳитеро фароҳам овард, ки ҳар як фард, бахусус занон имконияти муфиди худсозию худмуаррифиро дар ҷомеа ба даст оварда, дарк намуданд, ки онҳо низ ҳамчун як қувваи бузурги созанда метавонанд саҳми худро дар бунёд ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ гузоранд, метавонанд собит созанд, ки рисолати ватандориро бо тамоми вуҷуди худ эҳсос ва дарк менамоянд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ба маврид дар яке аз вохӯриҳояшон иброз доштанд: “Мо тоҷикон, ки барҳақ яке аз миллатҳои қадимаву соҳибфарҳанги дунё ҳастем ва нақши тамаддунсозии моро оламиён эътироф кардаанд, аз он ифтихор дорем, ки дар давоми чандин ҳазорсолаи умри миллатамон занону модарони оқил, баномус ва соҳибхирад дар паҳлӯи мардони корзори сарбаландиҳо ва фатҳу кушоишҳо будаанд ва барои озодиву истиқлолияти сарзамини аҷдодӣ далерона талошу мубориза бурдаанд”.
Сипас, аз ҷониби вазири маориф ва илм ба бонувон туҳфаҳои идона тақдим гардид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон