Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Вазорати маориф ва илм

23-11-2018

23-юми ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Нуриддин Саид – вазири маориф ва илм, Қаҳҳор Расулиён – профессор, доктори илмҳои таърих, устоди ДМТ, Сайфулло Муллоҷонов – профессор, доктори илмҳои таърих, устоди ДМТ, муовинони вазир ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.

Нуриддин Саид - вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чорабинӣ қайд намуд, ки Парачам рамзи озодии миллат, ифтихори миллӣ ва ҳисси баланди меҳандӯстиву хештаншиносӣ ба шумор рафта, миллати тоҷик яке аз халқиятҳои қадимаи соҳибпарчам ба шумор меравад.

Қаҳҳор Расулиён – профессор, доктори илмҳои таърих, устоди ДМТ аз пайдоиши аввалин парчам ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳанӯз дар замони ҳукмронии Заҳоки зиштхӯ Коваи оҳангар мардумро дар зери парчам иттиҳод намуда, ба шоҳи золим ғолиб омад. Яъне, Парчами давлатӣ танҳо як матои рангоранг нест, балки он рамзест ифодакунандаи муттаҳидиву якдилӣ.

Сипас, Сайфулло Муллоҷонов – профессор, доктори илмҳои таърих, устоди ДМТ дар мавриди парчамҳои миллати тоҷик аз аҳди Сосониён то замони муосир ва рамзи парчамҳои замони муосир ба ҳозирин маълумот дод. Мавсуф ёдовар шуд, ки ҳанӯз дар замони истилои араб дар ҷангҳо парчамро ба дасти паҳлавонҳо медоданд ва то ғолиб омаданашон он партавафшонӣ мекард.