ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22-11-2019
22-юми ноябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гашт. Дар он муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъба, кормандон ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Ф. Усмонзода-муовини вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки ҳар як фарди ҷомеа, бахусус насли ояндасози миллат бояд аз Парчами миллии худ ифтихор намояд ва эҳтироми онро ҳамчун рамзи пойдории давлату   миллат ба ҷо оварад. Зеро эҳтирому арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ва сарчашмаи ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ маърӯзаҳои доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муллоҷонов Сайфулло ва муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Маҳмудов Давлатшо шунида шуд.
 
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО