Таҷлили солгарди Ваҳдати миллӣ дар Вазорати маориф ва илм

26-06-2018
26 июни соли 2018 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони вазорат бахшида ба 21-умин солгарди таҷлил Ваҳдати миллӣ чорабинӣ баргузор гардид.
Нахуст, муовини якуми вазири маориф ва илм Р.Мирбобоев ҳозиринро ба ин санаи фархунда шодбош гуфта, таъкид намуд, ки яке аз омилҳои муттаҳидсози тамоми мардуми Тоҷикистон мавҷуд будани Ваҳдати саросарӣ дар қаламрави он мебошад ва вазифаи аввалиндараҷаи кормандони сохторҳои Вазорати маориф ва илм тарбияи ҷавонони баландихтисосу ватанпарвар мебошад.
Сипас, Эҳсон Сафарзода – сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм дар мавзӯи “Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаи маориф” суханронӣ карда, вобаста ба дастовардҳои соҳаи маориф дар даврони истиқлолият ва 21 соли Ваҳдати миллӣ фикру андешаҳои худро иброз намуд.
Ҷалолиддин Амиров – сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қайд намуд, ки пос доштани арзишҳои миллӣ ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани давлати тинҷу обод ва дар ин раванд тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарастиву хештансиносӣ ва ваҳдатофариву сулҳхоҳӣ вазифаи ҷонии ҳар яки мо, кормандони соҳаи маориф, ба ҳисоб меравад.
Муовини якуми вазири маориф ва илм Р.Мирбобоев чорабиниро ҷамъбаст намуда, ба иштирокдорон бурбориҳоро таманно намуд.