ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ КИШВАР

26-09-2023
26 сентябри соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ ҷиҳати таҳлили вазъи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ба таври ҳузурӣ ва мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф ёдовард шуда, қайд намуд, ки имрӯзҳо фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва вазъи таълиму тарбия дар онҳо ба таври зарурӣ бояд таҳлил карда шавад ва ҷиҳати рафъи камбудиҳо чораҳои дахлдор роҳандозӣ гардад. Раиси ҷаласа ба масъалаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳ намуда, зикр кард, ки бо сард шудани ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии кишвар аллакай зарурати гарм нигоҳ доштани синфхонаҳо пеш омадааст. Аз ин рӯ, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар бояд дар муддати муайяншуда дар муассисаҳои таълимӣ маводи сӯхтро ба қадри кофӣ захира намоянд.
Дар идома Раҳим Саидзода иброз дошт, ки ки ин яке аз самтҳои асосии фаъолияти Вазорати маориф ва илм ин таъмини муассисаҳои таълимӣ ба омӯзгорони баландихтисос мебошад. Мутаассифона, то имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон норасоии омӯзгорон ба чашм мерасад, ки ин ташвишовар аст. Сардори раёсати маорифи вилоят ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоятро мебояд, ки масъалаи ба омӯзгорони варзида таъмин намудани муассисаҳои таълимии вилоятро ба таври зарурӣ корбарӣ намуда, ба Вазорати маориф ва илм ба таври хаттӣ маълумотнома пешниҳод намоянд.
Раиси ҷаласа афзуд, ки соли 2024 16 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5 аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ хатм мекунанд ва ин хатмкунандагон дар асоси шартномаи чорҷониба метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият намоянд. Ин ба мо имконият медиҳад, ки эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгориро пурра аз байн бубарем.
Масъалаи дигаре, ки дар ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин таъмини муассисаҳои таълимӣ ба китобҳои дарсӣ ва маводди хониш мебошад. Вазири маориф ва илм қайд намуд, ки имсол вазорат чопи 4,3 млн. нусха китобҳои дарсиро ба роҳ мондааст ва раванди таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ ҳамарӯза мунтазам идома дорад. Дар навбати худ масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати пешниҳоди саривақтии эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ ва дастрас гардидани онҳо ба хонандагон чораҳои дахлдор андешанд.
Раиси ҷаласа ҳамчунин диққати ҳозиринро ба масъалаҳои иҷрои бандҳои дахлдори барномаву стратегияҳои давлатӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ ба китобҳои дарсӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва таҷҳизотҳои муосир, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои фаъолияти босамари омӯзгорон, ҳозиршавии хатмкунандагон ба ҷойи кор, аз ҷумла хатмкунандагони равияҳои омўзгорӣ ҷалб намуда, ба сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон