ТАҲЛИЛУ БАРРАСИИ ВАЗЪИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ҚАДРДОНИИ СОБИҚАДОРОН

10-02-2024
10 феврали соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи кории вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таҳлилу баррасии вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон» баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зафар Гулзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардорон ва кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, мудирони шуъбаҳои маориф, директорони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Нахуст Раҳим Саидзода ҷаласаи кориро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.
Сипас гузориши сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Асомиддинзода Шарофиддин «Оид ба таҳлилу баррасии вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон» шунида шуд. Зимни баррасии масъалаи мазкур раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба рушди таҳсилоти томактабӣ, сохтани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, зиёд кардани марказҳои инкишофи кӯдак, таъмини иштироки доираи васеи хонандагони боистеъдоди ноҳия дар ҳаракатҳои олимпии сатҳи ҷумҳуриявӣ, рушди ҳаракати олимпӣ дар ноҳия, сохтмону азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини онҳо бо кабинетҳои фаннӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ, бозомӯзии мураббиён, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои томактабӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, пешниҳоди маълумоти омории дуруст оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ, ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор, ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фаро гирифтани омӯзгорони дорои ихтисосҳои ғайрипедагогӣ, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи санадҳои меъёрии батанзимдарорандаи соҳа, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ”Тоҷикон” – ойинаи таърихи миллат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизам” ва дастгирии омӯзгорони онҳо равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, супоришҳои қатъӣ дод.
Вазири маориф ва илм қайд намуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот зарур донист, ки дар соли 2024 ба муассисаҳои таълимии ноҳия 1 кабинети фанни биология, 3 маҷмуъ таҷҳизоти озмоишии фанни химия, 3 маҷмуъ таҷҳизоти озмоишии фанни физика,1 адад тахтаи электронӣ, 1 проектор, 1 нотбук,10 тахтаи синфӣ, 1 кабинети физика,1 кабинети химия ва 1 кабинети биология тақдим намояд.
Дар идома вобаста ба масъалаҳои баррасишуда раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зафар Гулзода ва омӯзгорони ноҳия суханронӣ намуда, баргузории чунин ҷаласаро амри зарурӣ маънидод карданд. Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ноҳияҳои вилояти Хатлон муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллалӣ сохта ба истифода дода шуда истодааст. Аҳли маорифи ноҳияро мебояд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириҳо ба таълиму тарбия диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ҷаласа омӯзгорону фаъолони соҳа ба унвони "Аълочии маорифи Тоҷикистон", Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон