ТАЪЛИМИ КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ДАР ДОИРАИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР

18-06-2024
18-уми июн бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо корбарии Раёсати маорифи вилояти Суғд барои директорон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мудирон ва мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи "Таҳсилоти фарогир - дастгирии хонандагони дорои маъюбиятҳои гуногун дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ" семинари омӯзишӣ оғоз гардид.
Семинари омӯзишӣ дар доираи масъалаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони дорои маъюбият, нақшаи амалишавии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, таълими кӯдакони дорои маъюбият дар хона, намудҳои маюъбиятҳои зеҳнӣ - равонӣ: синдром Дауна, аутизм, хусусиятҳои рушди зеҳнӣ - равонӣ гузаронида мешавад.
Мувофиқи нақша семинар то 21-уми июни соли равон идома меёбад.