ТАЪМИНИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ – ОМИЛИ РУШДИ МАОРИФ

09-01-2024
9-уми январи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии №65-и шаҳри Душанбе вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мутасаддиёни бахши китобдории раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ва кормандони Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ иштирок намуданд.
Нахуст гузориши иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Р. Пиракзода доир ба дастовардҳо дар самти таҳия, нашр ва таъмини китобҳои дарсӣ дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024, мушкилоти соҳа ва роҳҳои бартараф кардани онҳо, омилҳои роҳ наёфтани ҳолатҳои коррупсионӣ дар самти иҷораи китобҳои дарсӣ ва роҳҳои пешгирии он, тарзи аз эътибор соқит кардани китобҳои фарсудашуда, роҳҳои бартараф намудани қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ, гузаронидани санади муқоисавӣ байни шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ, муайян намудани шумораи хонандагон ва пешниҳоди дархост барои таъмин намудан бо китобҳои дарсӣ шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар соли 2023 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 млн 313 ҳазору 619 нусха адабиёти таълимӣ ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмин карда шудааст, ки дар таърихи соҳаи маориф бесобиқа дониста мешавад.
Айни замон 34 номгӯйи китоби дарсӣ ба теъдоди 1 млн 585 ҳазор нусха дар раванди чоп қарор дошта, давра ба давра нашр ва ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъмин карда мешавад.
Дар идома вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм ёдовар шуда, ҷиҳати бо масъулияти баланд анҷом дододани рисолати касбӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Ҳамзамон, раиси маҷлис ба мушовирони бахши китобдории раёсату шуъбаҳои маориф ва масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки маблағи иҷораи китобҳои дарсиро саривақт пардохт намуда, бо мақсади аз байн бурдани норасоии адабиёти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ҳамкории китобдорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳангоми пешниҳоди эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ саҳлангорӣ накарда, дарохости китобҳои дарсиро дуруст ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намоянд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон