ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО КИТОБҲОИ ДАРСӢ

22-06-2024
Имрӯз, 22-юми июни соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и шаҳри Душанбе таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода семинари машваратӣ дар мавзӯи “Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ” баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, сардорони раёсат, мудирон ва китобдорони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва кормандони Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ вазири маориф ва илм иброз дошт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо назардошти ғояҳои давлатдории миллӣ таҳия намудани китобҳои дарсӣ, ҳамзамон, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тадбирҳои муайян андешида шуда истодааст. Қайд гардид, ки мақсад аз баргузор намудани семинари имрӯза низ бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, махсусан дар самти таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ мебошад.
Дар идома оид ба тартиби ҳуҷҷатгузории иҷораи китобҳои дарсӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ва системаи билингии пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ суханрониҳо сурат гирифт.
Вобаста ба мавзуҳои ироагардида, вазири маориф ва илм қайд намуд, ки мушкилоти дигаре, ки имрӯзҳо дар самти китобдорӣ ба чашм мерасад, ин дар сатҳи зарӯрӣ ба роҳ намондани ҳуҷҷатнигорӣ ва ҳисоботи бухгалтерии адабиёти таълимӣ дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо мебошад. Дар робита ба ин масъулини соҳаро зарӯр аст ҷиҳати ҳалли мушкилоти зикргардида ҳар чӣ бештар чораҳои амалӣ андешанд.
Дар охир вазири маориф ва илм ба мушовирони бахши китобдории раёсату шуъбаҳои маориф ва масъулини Вазорати маориф ва илм дастур дод, то ҷиҳати роҳ наёфтани ҳолатҳои коррупсионӣ дар самти иҷораи китобҳои дарсӣ ва роҳҳои пешгирии он, тарзи аз эътибор соқит кардани китобҳои фарсудашуда, роҳҳои бартараф намудани қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ, гузаронидани санади муқоисавӣ байни шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ, муайян намудани шумораи хонандагон, пешниҳоди дархост барои таъмин намудан бо китобҳои дарсӣ, бо мақсади аз байн бурдани норасоии адабиёти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ҳамкории китобдорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳангоми пешниҳоди эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ саҳлангорӣ накарда, дарохости китобҳои дарсиро дуруст ба вазорат пешниҳод намоянд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон