ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ БА ОМӮЗГОРОНИ КАСБӢ ВА НАЗОРАТИ ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

06-10-2023
6 октябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода ҷаласаи корӣ оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзгорони касбӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, сардорони сарраёсат, раёсат, шуъбаву бахшҳои маориф, директорони мактабҳои президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат ва мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. 
Раиси ҷаласа, Зиёдулло Абдулзода ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда иброз дошт, ки имрӯзҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири манфии он бояд масъулияти ҳар як корманди соҳаи маориф дар таълиму тарбияи насли наврас дучанд бошад.
Дар ҷаласаи масъалаҳои ҳозиршавии мутахссисони ҷавон ва бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли таҳсили 2023-2024, ба кор таъмин намудани донишҷӯёни ихтисосҳои равияи омӯзгории курсҳои 4 ва 5-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, пешниҳоди номзадҳо барои захираи кадрӣ (ҷиҳати таъин намудан ба мансаби сардор ва мудири шуъбаи маориф), ҳисобот оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар соли 2023, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, иҷрои барномаву стратегияҳо ва нақшачорабиниҳо, татбиқи муносибати босалоҳият дар таълиму тарбия,  баргузории озмуну олимпиадаҳо ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини вазири маориф ва илм ба ҳозирин ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас дастуру супоришҳо дода, таъкид дошт, ки омӯзгор маҳз бо илму дониш, хирад ва ҷаҳонбинии илмӣ метавонад шогирдонро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Аз ин рӯ, дар муассисаҳои таълимӣ муносибати омӯзгор ба хонандагон бояд ҳамеша дар мадди аввал қарор гирад.
Дар охир, раиси ҷаласа ҷиҳати ҷоннок намудани раванди тарбияи хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо назорати баргузории соатҳои тарбиявӣ ба ҳозирин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон