ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӢ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

12-06-2024
Бегоҳи 12-уми июни соли 2024 дар Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ" бо кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат намоишномаи мазҳакавии "Падар бояд зан гирад!" ба намоиш гузошта шуд.
Намоишномаи мазкур мазҳакаи иҷтимоӣ буда, фарогири масъалаҳои хонаводагӣ, муносибати фарзандону волидон, гиромидошти ахлоқу одоб ва расму оинҳои миллӣ мебошад.
Роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илм намоишномаро бо завқи баланд тамошо намуда, ба ҳунари волои нақшофарони театр баҳои баланд доданд.
Пас аз ба анҷом расидани намоишнома вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат хонда, пайваста таъкид мекунанд, ки фарҳанг асоси шинохти миллат ва давлат аст. Халқи тоҷик бо доштани фарҳанги хоси худ, ҳамеша суннатҳои аҷдодии худро эҳтиром ва нигоҳ медорад.
Фаромӯш набояд кард, ки театр яке аз сутунҳои асосии фарҳанг ба ҳисоб меравад. Театрро оинаи зиндагӣ ва инъикоскунандаи ҳақиқати рӯзгор мегӯянд. Аз ҳамин нуктаи назар ҳамаи мо вазифадорем, ки новобаста аз самту соҳаи фаъолиятамон барои тамошои намоишномаҳо ба театр равем. Намоишномаи имрӯза бори дигар собит сохт, ки театр макони ҷовидонии ибрату таълим аст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон