Тарбия аз таълим душвортар аст

19-11-2018
Вақтҳои охир оид ба тарбияи насли наврас матлабҳои бисёре ба табъ мерасанд. Ҳамагон аз он изҳори ташвиш доранд, ки ахлоқ ва таълиму тарбияи наврасон дар ҷомеаи имрӯзаи мо хеле коста аст.
Ва ҳар яке аз онҳо тибқи фаҳмиши хеш роҳҳои ҳалли ин масъалаи муҳими иҷтимоиро ҷустуҷӯ менамоянд. Дар ҳақиқат, ин масъала яке аз муаммоҳоест басо печидаву мураккаб. Кӯдакон ояндаи миллати мо ҳастанд ва нисбат ба ҳаёти минбаъдаи онҳо бетараф будан, албатта, гуноҳ аст. 
Ҳарчанд таълиму тарбия бо ҳам тавъам бошанд ҳам, аз таълим дида тарбия душвортар аст ва беҳуда дар урфият намегӯянд, “олим шудан осону одам шудан мушкил аст”. Албатта парастории кӯдакро пурра ба дӯши волидайн гузоштан ҳам хатост. Аслан барои тарбияи насли наврас  худи ҷомеа низ саҳмгузор бояд бошад.
Таълиму тарбияи хуби фарзанд аз оила шурӯъ мегардад ва дар натиҷаи ҳамкории волидайн бо омӯзгорон сайқал меёбад. Равшан аст, ки савод, ақл ҷаҳонбинӣ омили азхудкунии ҳар гуна ҳунарҳост. Дар кори таълиму тарбия падару модар нақши меҳвариро мебозанд. Қисмате аз волидайн андешаи хом доранд ва мегӯянд, ки барои фарзанди мо маълумот чӣ даркор, ӯ савдогар мешавад ва ё ба мардикорӣ меравад. Аммо мулоҳиза намекунанд, ки барои мардикор ва савдогари муваффақ шудан ҳам дониш ва ақлу маданият лозим аст. Агар ҷавонон ҳуқуқҳои худро фаҳманд, забонҳои хориҷиро нағз донанд, дар кишварҳои дигар ба монеаҳо дучор намешаванд. Мо нокомиҳои фарзандонамонро ба дӯши дигарон ҳамл мекунем, аммо иллати асосиро, ки дар худи мост, намебинем. Қисмате аз наврасон хеле пешрав ва мустақил буда, бо илму технологияи ҳозиразамон ошноӣ ҳам доранд. Ва аниқ аст, ки дар оянда мавқеашонро дар ҷамъият пайдо мекунанд. Мутаасифона, бархе аз хонандагон хеле бе ҳавсала ва камфаъолият ҳастанд. Волидайнашон дар ин бобат асосан мактаб ва омӯзгорро гунаҳкор меҳисобанд, ки ин иштибоҳи онҳост. 
Дар тарбияи фарзанд, дар баробари омӯзгор масъулияти падару модар ва муҳите, ки ӯро иҳота кардааст, хеле муҳим аст. Падару модар, пеш аз ҳама, бояд тарбиятдида ва бофарҳанг, соҳиби касбу ҳунар ва маълумот бошанд. Он вақт онҳо фарзанди арзандаро тарбият карда метавонанд.
Мутафаккири барҷастаи Шарқ Муҳаммад Ғаззолӣ гуфтааст: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухм хайру нек аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Албатта, тухми бадӣ афканӣ  ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ”. Ба хотири ҳифзи амонати бузург волидайнро зарур аст, ки тарбияи фарзандро бо масъулияти хоса ба ҷой оваранд. 
Лайло ФАЙЗМАМАДОВА,
омӯзгори мактаби 12- и
ноҳияи Шуғнон