Ташрифи намояндагони Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ба Вазорати маориф ва илм

16-12-2019
13-уми декабри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев бо намояндагони Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур доир гардид, ки дар он доктор Ерик Хан-президенти донишкада, Тан Шун Ли Михайл-менеҷери равобити байналмилалӣ, Шариф Ҷафар-мушовир ва котиби Шӯрои донишкада ширкат намуданд.
Зинми суҳбат муовини якуми вазири маориф ва илм Р.Мирбобоев доир ба низоми маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маълумот дода, ҳамзамон, таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илм ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур чораҳои заруриро меандешад.
Доктор Ерик Хан-президенти донишкада ва Шариф Ҷафар-мушовир ва котиби Шӯрои донишкада иттилоъ доданд, ки Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур имрӯзҳо дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Малайзия, Чин кампусҳои таълимӣ дошта, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад кадрҳоро дар риштаҳои менеҷменти саноатӣ, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, технологияи иттилоотӣ омода намояд.
Дар охир ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баъд аз фаъолияти мушовирон-экспертон ва таҳияи созишномаҳо ҳамкориҳо нахуст дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сипас, дар сатҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.