ТАШРИФИ ВАЗИРИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС БА ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С.ОСИМӢ

12-10-2022
12 октябри соли ҷорӣ вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Ивантс Андрей Иванович ва ректорони муассисаҳои олии касбии ҷониби Ҷумҳурии Беларус ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ташриф оварданд.
Ташрифи меҳмононро муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода ва ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Қудрат Давлатзода истиқбол намуданд. 
Нахуст, ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмии донишгоҳ боздид ба амал оварда, бо имкониятҳои мавҷуда ва дурнамои татбиқи иқтидори илмии донишгоҳ шинос шуданд. 
Зикр карда шуд, ки иқтидори илмӣ – таҳқиқотӣ ва таълимии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ васеъ буда, дорои шароити хуби таҳсил ва омода намудани мутахассисони самтҳои гуногуни муҳандисӣ мебошад.
Сипас, вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Ивантс Андрей Иванович ва ҳайати меҳмонон аз озмоишгоҳи истеҳсолии технологияи мошинсозӣ ва намоиши дастовардҳои факултети муштараки муҳандисӣ – технологии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дидан намуданд. 
Баъд аз боздид, вохӯрии вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Ивантс Андрей Иванович бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён доир гардид. 
Дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳо дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, табодули донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорон, баргузории озмуну олимпиадаҳо, нашри мақолаҳои илмии ду ҷониб дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, баргузории симпозиуму конференсияҳо, такмили ихтисоси кормандон ва имконияти давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии тарафайн таъкид гардид.