ТАҲСИЛИ БОСИФАТ ВА БЕХАТАР

06-09-2021
Дар робита бо оғози соли нави хониш Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ЮНИСЕФ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тундурустӣ (ТУТ) ҷиҳати омода намудани мактабҳо барои таҳсили босифат ва бехатар тадбирҳои судмандро роҳандозӣ кард.
Татбиқи бозгашти бехатари хонандагон ба мактаб дар ҳамкории зич байни ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тундурустӣ ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо сурат гирифта, дар доираи он тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ фаро гирифта мешаванд.
Моҳи август бо дастгирии ЮНИСЕФ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо татбиқи барномаи миллии кушодани бехатари мактабҳо «Бозгашти бехатар ба мактаб» оғоз гардид. Дар доираи чорабинии муштарак, ки санаи 19 август бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тундурустӣ (ТУТ) дар Душанбе баргузор шуд, 100 нафар намояндаи соҳаи маориф аз 68 ноҳия аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида шуданд. 
Ҳамзамон, то охири татбиқи барнома дар давоми моҳҳои сентябр-октябри соли 2021 ба 78600 нафар омӯзгор барномаии «Бозгашти бехатар ба мактаб» омӯзонида мешавад. Дар доираи омодагӣ омӯзгорон оид ба тайёр кардани мактабҳо дар шароити интиқоли давомдори COVID-19 малакаҳои зарурӣ ва маълумоти кофиро аз худ хоҳанд кард.
Ҳамчунин, бо мақсади таҳияи санад ва варақаҳои таблиғотӣ оид ба ҳолати беҳдоштӣ, омӯзиши кормандони раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ ҷиҳати омодагиҳо дар соли нави таҳсили 2021-2022 ва тадбирҳои амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии интиқоли сирояти нави коронавирус КОВИД-19 дар муассисаҳои таҳилоти  умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳи корӣ таъсис ёфт.
Маводи таҳияшаванда ба омӯзгорон ва волидон ёрӣ расонида, оид ба чораҳои асосии пешгирии COVID-19 маълумоти огоҳикунанда пешниҳод менамоянд ва нақши волидонро дар дастгирии хонандагон дар давраи бозгашт ба мактаб таъкид мекунанд. Инчунин, дастгирии иловагӣ ба кӯдакони дорои имконияташон мањдуд  расонида мешавад. 
Пандемияи COVID-19 ҳушдор дод, ки роҳи аз ҳама содаи пешгирӣ аз ҳама намуди бемориҳои сирояткунанда шустани дастон бо собун мебошад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд, хусусан, ЮНИСЕФ ҷиҳати харидорӣ намудани маводи зарурӣ, аз қабили ниқоб, дастпуш, антисептик, маҳлулҳои безараргардонӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд ва дар назар аст, ки  бо анҷом ёфтани барномаи «Бозгашти бехатар ба мактаб» дастраси муассисаҳои таълимӣ мегардад.