ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН

11-10-2023
Имрӯз, 11 октябр дар Мактаби байналмиллалии президентӣ дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ ҷиҳати бозомӯзии мушовирони томактабии раёсат ва шуъбаҳои маориф ва роҳбарони семинарҳои доимоамалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар мавзӯи “Таҳсилоти томактабӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, мушовирони кабинетҳои методӣ ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм қайд кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди муассисаҳои томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати маориф ва илм мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва амалигардонии “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” амри зарурист”.
Семинар ду рӯз давом намуда, ҷамъбасти он 12.10.2023 дар назар аст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон