ТАҚСИМОТИ ХАТМКУНАНДАГОН БА МУАССИСИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ВА МИЁНАИ УМУМӢ

04-05-2024
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” ва бо мақсади таъмин намудани хатмкунандагони гуруҳи буҷавӣ ба ҷойҳои корӣ дар муасисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрӣ бо хатмкунандагон баргузор гардид.
Дар кори он сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Давлатхон Қурбонмурод, сардори шуъбаи ҳуқуқ, коргузрӣ ва назорати Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Бобозода, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҷумахон Самиев, муовинони директор, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, деканони факултетҳои Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садридин Айнӣ, намояндагон шуъбаҳои маориф ва хатмкунандагон ширкат варзиданд.
Нахуст, Назарзода Давлатхон суханронӣ карда, доир ба имтиёзҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутахассисони ҷавон ибрози ақида намуда, изҳор дошт, ки ҳеҷ нафаре наметавонад аз лиҳози қонунгузорӣ барои саривақт ҳозир шудан ба ҷойи кор тибқи шартномаи сеҷониба саркашӣ намояд.
Дар идома, Ҷумахон Самиев баромад карда, доир ба имконоту фаъолият дар муассисаҳои таҳсилотии ҳудуди шаҳри Душанбе ибрози назар намуд.
Аз ҷониби иштирокчиён таъкид гардид, ки дар ҳама давру замон ҷомеа ба кадрҳои хубу ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ эҳтиёҷ дорад.
Баъд аз анҷоми баромадҳо ва вохӯрии судманд дар ҳузури меҳмонон – намояндагони сохторҳои маориф хатмкунандагон тибқи шартномаи сеҷониба ба назди шуъбаҳои маорифи маҳалли зисташон тақсим гардиданд.
Дар охир миёни масъулин ва хатмкунандагон саволу ҷавоб баргузор гардид.