ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН БА ҶОЙИ КОР

08-05-2024
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода маросими тақсимот ва сафарбарнамоии донишҷӯёни хатмкунандаи ихтисосҳои омӯзгорӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода, ректори Донишгоҳ Жило Гулназарзода, 37 нафар ҳамчун намоянда аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок доштанд.
Ректор Жило Гулназарзода дар ифтитоҳи чорабинӣ дар бораи пешаи пурифтихори омӯзгорӣ, шароиту имкониятҳои фароҳамшуда баҳри омӯзгорони ҷавон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва дастгириву иқдомоти созандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар кард.
Зикр шуд, ки соли таҳсили 2024 теъдоди хатмкунадагон ба 649 нафар мерасад, ки Донишгоҳро аз рӯйи равияи омӯзгорӣ хатм мекунанд. Аз шумораи умумии хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ 385 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 264 нафар дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд. Инчунин, донишҷӯёни шуъбаи рӯзона 78 нафар тариқи буҷавӣ, 44 нафар тибқи квотаи Президентӣ ва 142 нафар тариқи шартномавӣ Донишгоҳро хатм мекунанд. Бояд зикр кард, ки имрӯз аз 50 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар Донишгоҳ донишҷӯён таҳсил доранд.
Дар идома муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода бо хатмкардагон мулоқоти судманд анҷом дода, иброз дошт, ки бо ташаббусу иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои донишомӯзону омӯзгорон беҳтарин шароит ва имконият фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, ҷавонони саодатманди тоҷик ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ба донишандӯзиву забономӯзӣ машғул шуда, саҳми худро ҳамчун омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози миллат гузоранд.
Таъкид гардид, ки ҳангоми бо ҷой кор таъмин шудан бояд омӯзгорони ҷавон бомасъулият кору фаъолият намуда, насли ояндасози миллатро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ҳимояи марзу буми давлатӣ ҳидоят намоянд.
Дар охир миёни иштирокчиён ва хатмкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.