ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ВМКБ

11-06-2019
10-уми июни соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон доир гашт. Дар ҷаласа С. Давлатзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, О. Мардонов-сардори раёсати маорифи ВМКБ, Ш. Ҷонмаҳмадов-ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, мудаирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорону донишҷӯён ва хатмкунандагони донишгоҳ иштирок намуданд. 
Тавре Ф. Расулзода-сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм иттилоъ дод, тибқи фармоиши вазири маориф ва илм имсол 346 нафар мутахассиси ҷавони донишгоҳ ба тақсимот роҳ ёфтанд, ки аз ин шумора 93 нафарашон донишҷӯёне мебошанд, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудаанд. Ичунин, 26 нафар хатмкунанда барои идомаи таҳсил дар риштаҳои магистратура роҳхат гирифтаанд. Дар маҷмӯъ 320 нафар хатмкунанда ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва корхонаҳои давлатӣ барои кору фаъолият сафарбар карда шуданд. 
Масъалаи тақсимот ва ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ва таъмину бартараф намудани норасии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ зери назорати роҳбарияти Вазорати маориф ва илм қарор дошта, масъалаи мазкур пайваста дар ҷаласаҳои мушовараи вазорат, маҷлисҳои назоратии назди вазир бо иштироки сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор мегирад. Ҳамчунин, дар ҷаласаи навбатӣ дастур дода шуд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки пеш аз ба тасвиб расидани фармоиши вазири маориф ва илм ва нақшаи тақсимоти асосии хатмкунандагон оид ба эҳтиёҷоти кадрӣ маълумоти дақиқ пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон, зимни суханронии масъулин қайд гардид, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии омӯзгорони ҷавон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул шудаанд, ки мақсади асосии онҳо тақвияти ҳифзи иҷтимоии омӯзгорони ҷавон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ мебошад. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» имкон медиҳад, ки барои бенавбат гирифтани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва дигар имтиёзҳо дастрасӣ дошта бошанд.
Инчунин, бо мақсади ҷалби ҷавонон ба фаъолияти омӯзгорӣ, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии  омӯзгорони ҷавон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд» амал мекунад, ки он имкон медиҳад, ки омӯзорони ҷавон барои се соли аввали фаъолияти омӯзгорӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии деҳот фаъолият менамоянд, дар ҳаҷми 1 воҳиди сарборӣ ба андозаи 10 фоиз иловапулӣ ба даст оранд.
Ин ҳама дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад. 
Дар интиҳои ҷаласа миёни донишҷӯёну масъулин мубодилаи афкор сурат гирифт.
С.ИЗЗАТУЛЛО