ТАТБИҚИ МАБЛАҒГУЗОРИИ САРИКАСӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

20-02-2020
19-уми феврали соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Душанбе - плаза” семинари омӯзишӣ – машваратӣ оид ба механизми ҳисоби буҷети муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ дар асоси меъёрҳои сарикасӣ барои соли 2020 баргузор гардид.  Дар он мутахассисони раёсатҳои молия ва сармуҳосибону мудирони муассисаҳои давлатии таълимии томактабии  шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Дар  чорабинӣ Бадриддин Музаффаров  – сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бежан Насруллоев  -  сармутахассиси  сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ЮНИСЕФ - Юсуф Бафозода ва Шӯҳрат Мирзоев суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии ислоҳоти мазкур таъмин намудани тақсимоти боадолатона ва шаффофияти маблағҳои буҷети давлатӣ дар байни муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодабарии онҳо мебошад. Ин навъи механизми маблағгузорӣ дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёна ва олии касбӣ низ  дар Стратегияи миёнамуҳлати рушди маориф барои давраи солҳои 2016 – 2020 ба нақша гирифта шудааст.
Айни ҳол аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба механизми нави маблағгузорӣ мушовирони байналмилалӣ ҷалб карда шудаанд. 
Мавзунахон   УБАЙДУЛЛОЕВА