ТАЪТИЛ БОСАМАР МЕГУЗАРАД

19-06-2024
Дар назди муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва истироҳатгоҳҳои кишвар барои наврасон лагерҳои тобистона оғоз гардидаанд. Барои гузаронидани лагерҳои мактабӣ шароити мувофиқ омода гардида, муҳити истироҳативу фароғатӣ ва бозиҳои шавқовару мусобиқаҳои варзишӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳайати кории Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо мақсади шиносоӣ аз шароити мусоид ва машғулиятҳои наврасон аз фаъолияти лагерҳои наздимактабии ноҳияи Спитамен боздид намуданд.
Дар лагерҳои наздимактабии ноҳияи Спитамен баҳри хушу хотирмон гузаронидани таътили тобистонаи хонандагон ҳар гуна маҳфилҳои адабиву фарҳангӣ ва бозиҳои шавқовари варзишӣ доир гардида истодааст, ки дар он хонандагон фаъолона ширкат доранд.
Ҳамасола лагерҳои наздимактабӣ ва истироҳатӣ дар осоишгоҳҳои кишвар бо фарогирии наврасони зиёде ташкил карда мешавад.