ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! ТАҲТИ ИН ШИОР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ОЗМУНИ КИТОБХОНИИ ФОСИЛАВИРО ЭЪЛОН НАМУД

22-07-2024
 
Бо ибтикори шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода байни омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ озмуни китобхонӣ таҳти унвони «Таътилро босамар гузаронем!» тариқи фосилавӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ин иқдом ҳар як иштирокчӣ дар зодгоҳаш ё ҷои иқоматаш ҳангоми мутолиаи китоб акс гирифта, ҳамзамон дар бораи китоби хондаистодааш маълумоти мухтасар илова намуда, ба суроғаи шуъбаи таҳлил ва иттилооти донишгоҳ ирсол менамояд.
Бояд гуфт, ки ғолибон аз рӯйи акси китобхони беҳтарин, манзараи беҳтарин ва намунаи нақли беҳтарин аз рӯйи китоби мутолианамудаи иштирокчӣ аз ҷониби устодони факултети филологияи донишгоҳ ва истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ баҳогузорӣ гардида, ғолибон бо мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур дар арафаи Рӯзи китоб, ки ҳамасола 4 сентябр таҷлил карда мешавад, ҷамъбаст мегардад.