ТАВАҶҶУҲ!

28-08-2020
 
   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони тоҷик, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Украина ва Белорус дохил шудаанд ё дар муассисаҳои таълимии ин кишварҳо таҳсил менамоянд, мерасонад, ки шурӯъ аз 30-юми августи соли 2020 тавассути хатсайри «Сомон Эйр» парвозҳои чартерии Душанбе-Минск ба роҳ монда мешавад.
   Аз донишҷӯён хоҳиш карда мешавад, ки бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯӣ дошта бошанд ва барои хариди чиптаҳои ҳавопаймо мустақиман ба «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд.
   Сафоратҳои Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Белорус ва Украина омодаанд ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини транзит аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кӯмаки зарурӣ расонанд. 
 
Маркази матбуотии
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон