ТАВАҶҶУҲ БА ХАТМКУНАНДАГОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ

03-05-2024
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон, тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаҳои рӯзонаи хатми соли таҳсили 2023-2024 дар ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ дар Донишгоҳи миллӣ гузаронида мешавад.
Ҷиҳати роҳандозӣ намудани ин амал имрӯз (03.05.2024) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳ тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии равияҳои омӯзгорӣ сурат гирифт, ки дар он хатмкунандагони ихтисосҳои равияи омӯзгории факултетҳои марбутаи Донишгоҳ бо иштироки намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои И.Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ваҳдат, Дӯстӣ, Хуросон, Қубодиён, Кӯлоб, Бохтар, Ш.Шоҳин ва дигар муассисаву ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳ оид ба таълим, профессор Собирзода Нуралӣ оғоз ёфт. Зимнан гуфта шуд, ки тақсимоти хатмкунандагон дар асоси «Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» сурат гирифта, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони ҷавон тақсимот гузаронида мешавад.
Зимнан мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти Донишгоҳ Муминзода Нозим, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм Сафарзода Садафмо ва сардори шуъбаи кадрҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҷумахон Самиев дар робита ба тартибу низоми раванди тақсимоти хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ маълумоти муфассал дода, барои ҷалби ҷавонони хушсалиқа ба ҷойи кор тавсеаҳои судманд доданд.