ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО

05-02-2019
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба 5-уми январи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикисон Нуриддин Саид ва сафири Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад Албадӣ баргузор гашт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар доираи Созишномаи байни тарафҳо дар соҳаи маориф ва илм ба имзорасидаи моҳи январи соли 2016 баррасӣ намуда, ҷиҳати ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ, тартиб ва шаклҳои таҳсил дар муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ибрози карда, Нуриддин Саид-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои тарафайни ду кишварро дар самти маориф ва илм қаноатбахш ҳисобид.
Бояд қайд кард, ки зимни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар  соли 2016  “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм” ба имзо расид. Ин Ёддошти тафоҳум барои тарафҳо ҳамкориҳоро дар самти табодули барномаҳо ва таҳқиқотҳои илмии муосир, таҷриба дар соҳаҳои илмӣ, техникӣ ва идоракунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мубодилаи устодон, иштироки онҳо дар конфронс, симпозиум ва ҳамоишҳои минтақавӣ ва байналмилалии илмӣ дар кишварҳои якдигар муайян менамояд. 
Саймуҳаммад Абдиев-корманди
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм