ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО

30-08-2019
30-юми августи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо ректори Донишгоҳи Федералии Қазон Имшат Гафуров баргузор гашт. Дар ифтитоҳ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид вобаста ба низоми таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз ҷумла қайд намуд, ки Федератсияи Россия яке аз шарикони муҳими стратегии мо ба шумор рафта, дар давоми соҳибистиқлолии кишвар ҳазорҳо нафар ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои олии он таҳсили илм намудаанд.
Имшат Гафуров Донишгоҳи Федеролии Қазонро муаррифӣ намуда, таъкид дошт, ки омодаанд дар самти мубодилаи донишҷӯёну устодон ва густариши илму маорифи ҳарду кишвар ҳамкориҳоро бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.
Саймуҳаммади ИЗАТУЛЛО