«TEENEAGLE». Хонандагони тоҷик дар ин олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 41 ҷойи ифтихорӣ гардиданд

30-06-2024
Аз 23 то 30 июни соли равон дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Британияи Кабир Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ аз рӯйи се категорияи синнусолӣ баргузор гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 хонанда соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид.
Тавре дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, олимпиада аз рӯйи се категорияи синнусолӣ ва ду номинатсия байни хонандагони синфҳои 3-11 баргузор гардид.
Дар олимпиадаи мазкур Тоҷикистонро 46 хонанда аз муассисаҳои гуногуни таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ муаррифӣ намуд.
Аз рӯйи номинатсияи «Малакаҳои қабулкунӣ» (шунавоӣ ва хониш) ҷойи якум- 1 нафар, ҷойи дуюм -12 нафар ва ҷойи сеюм- 12 нафар, дар номинатсияи «Малакаҳои истеҳсолӣ» (гуфтугӯӣ ва маҳорати навиштан) бошад, ба гирифтани ҷойи якум -2 нафар, ҷойи дуюм- 5 нафар ва ҷойи сеюм- 9 нафар сазовор гаштанд.
Олимпиадаи мазкур ҳамасола дар давлатҳои гуногун, аз ҷумла, Шоҳигарии Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Малайзия барои дӯстдорони фанни забони англисӣ баргузор мегардад. Имсол дар ин олимпиада зиёда аз 2140 нафар хонанда аз 846 муассисаи таълимии дунё ва 66 давлати олам иштирок намуд.