ТЕМУРМАЛИК. ИФТИТОҲИ МАКТАБИ №22 БАРОИ 480 ҶОЙИ НИШАСТ

04-01-2023
Имрӯз, 4 январ зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22, ки дар ҷамоати деҳоти Танобчӣ, деҳаи навбунёди Танобчии болои ноҳияи Темурмалик ҷойгир аст, ифтитоҳ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки Рушд ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таълимии иборат аз 1 бинои 2 - ошёна, дорои 10 синфхонаи таълимӣ барои 480 хонанда дар 2 баст, бо маблағи 3 миллиону 398 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Бинои мазкур дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фанҳои физика ва химия, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ–коммуникатсионӣ, маркази гармидиҳии ягонаи буғӣ, утоқи директор ва утоқи омӯзгорон буда, ҳамчунин боғи дарахтони мевадиҳанда, майсазори атрофи бино бо дарахтони ороишиву сояафкан барои хонандагон бунёд шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳавлии муассисаи таълимӣ ба масоҳати 450 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, бо шинонидани 25 адад дарахтони ороишиву сояафкан оро дода шудааст.
Масоҳати умумии муассисаи таълимӣ ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ буда, 1,37 гектарро ташкил медиҳад. 
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони муассисаи мазкур соли 2021 оғоз гардида, фармоишгари он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир аз тарафи «Намояндаи инжиниринг консултантс ЕНД ассосиатиес лимитед дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тарҳрезӣ шудааст. Иншооти мазкур аз тарафи пудратчи ҶДММ “ Муҳандис - Биносоз ” ба анҷом расонида шудааст. 
Дар сохтмони муассисаи таълимӣ беш аз 45 нафар коргарони маҳаллӣ бо маоши зиёда аз 2500-3700 сомонӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб карда шудаанд. Равшаннамоии бинои таълимӣ ба пуррагӣ таъмин гардида, бо оби нушокӣ таъмин мебошад.
Барои дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани раванди таълиму тарбия аз ҳисоби буҷаи ноҳия 26 воҳиди корӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ин 7 воҳиди корӣ барои кормандони техникӣ, боқимонада барои омӯзгорони фаннӣ ва маъмурият мебошад.
Сарвазири мамлакат бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, аз онҳо хониши аъло ва таълиму тарбияи босифатро талаб намуданд. Омӯзгорону хонандагон аз ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар таълиму тарбия саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ изҳори сипос намуданд.
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон