“ТОҶИКИСТОН- КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ” Боздиди кормандони Вазорати маориф ва илм аз Осорхонаи миллӣ

12-03-2022
12 марти соли ҷорӣ кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” баргузор гардида истодааст, дидан намуданд.
Дар ин намоиш бо роҳбаладии роҳбаладони моҳири Осорхонаи миллӣ кормандони Вазорати маориф ва илм тавонистанд, ки аз ёдгориҳои таърихии ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, мероси ниёгони миллати тоҷик, сангҳои қимматбаҳову ҳайвоноти нодире, ки дар Китоби сурхи Тоҷикистон ворид шудаанд, дидан намоянд. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” 25 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” роҳандозӣ гардида, то 19 март идома меёбад. Ва ин намоиш имкон медиҳад шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик аз наздик шинос шаванд.
Ба гуфти масъулини Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” намоиши “Тоҷикистон- кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар даврони соҳибистиқлолӣ бузургтарин намоиши кишвар дар Аврупо буда, дар муддати се моҳ мардуми Фаронса ва шаҳрвандони дигар кишварҳо тавонистанд бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ ” дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии “Гиме”-и шаҳри Париж 13 октбяри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон, ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфт.
З. Ҳусейнова