Тоҷикистон лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ-ро оид ба эълони Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ пешбарӣ менамояд

11-06-2024
11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иттилоъ доданд, ки Тоҷикистон лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ-ро оид ба эълони Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ пешбарӣ менамояд.
«Мехоҳам иброз намоям, ки бо мақсади тақвияти минбаъдаи ин масъалаи муҳим мо якҷо бо шарикони худ тасмим гирифтем, ки лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милалро оид ба эълони Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ пешбарӣ намоем», — тазаккур доданд Сарвари давлат.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин иқдоми Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои аъзои Созмон дастгирии ҳамаҷониба меёбад.
https://khovar.tj/.../to-ikiston-loi-ai-atnomai-ma-mai.../