ТОҶИКИСТОН — «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пажуҳишгоҳи илмиву таҳқиқотии «Иқтисоди сабз» амал мекунад

31-05-2024
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат, ки дирӯз дар Душанбе доир гардид, аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки қисми зиёди самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ бо мазмун ва ҳадафи худ наметавонанд дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи мамлакат дар марҳилаи рушд нақши калидӣ ё муассир дошта бошанд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки таҳлили ҳамаҷонибаи номгӯйи самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳад, ки он ҳанӯз пешрафти илми ватаниро бо назардошти дастовардҳои илми ҷаҳонӣ таъмин карда наметавонад ва бозбинии ҷиддиро тақозо менамояд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар санадҳои қаблан қабулгардида самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ аз 65 то 110 номгӯйро дар бар гирифта, қисми зиёди онҳо бо мазмун ва ҳадафи худ наметавонанд дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи мамлакат дар марҳалаи рушд нақши калидӣ ё муассир дошта бошанд.
«Бо вуҷуди ин ки таҳқиқоти илмии самтҳои ғайригуманитарӣ қариб 75 фоизи ҳамаи таҳқиқоти амалишуда ва амалишавандаро давоми даҳ соли охир ташкил медиҳад, пешбинӣ намудани чунин шумораи бузурги самтҳои дорои авлавият иҷрои сифатноки онҳоро ғайриимкон мегардонад»,-изҳор намуданд Пешвои миллат.
Аз ин лиҳоз вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор карда шуданд, ки номгӯйи самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмиро аз нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Бояд гуфт, ки фаъолияти илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз масъалаҳои дигари муҳим дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ маҳсуб мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти рушди устувор, иқтисоди «сабз» ва сайёҳиву соҳибкорӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пажуҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии «Иқтисоди сабз» ва «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ» таъсис дода шудаанд.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, ин сохторҳо вазифадоранд, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ фаъолияташонро тақвият бахшида, дар доираи маркази татбиқи лоиҳа, ки дар назди донишгоҳ амал мекунад, оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва пайванди илм бо истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон Пешвои миллат зимни суханронӣ бо аҳли илм ва маорифи мамлакат масъулинро супориш доданд, ки нашри мақолаҳои илмиро дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зиёд карда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун «мамлакати сабз» бештар ва ҳадафмандона муаррифӣ намоянд.
Воқеан ҳам бояд гуфт, ки вобаста ба замон ва тағйирот дар ҷаҳони муосир низоми таҳсил ва усулҳои таълим тағйир меёбанд ва ин масъала бояд дар сатҳи аввал баррасӣ шуда, дар амал татбиқ гардад, чунки насли ҷавон бояд ҳамқадами замон бошад.
Яке аз масъалаҳои асосӣ- ин рушди иқтисодиёти «сабз» ва тавлиди энергияи «сабз» мебошад. Барои ба «мамлакати сабз» табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаву имконияти ҷумҳурӣ низ ба ин мерасад. Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон бо бунёди якчанд неругоҳи барқи обӣ барои ҳалли мушкилоти асосӣ- бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ як силсила иқдомро пеш гирифтааст, ки бо амалӣ шудани ин иқдом ояндаи наздик ҷумҳурӣ пурра ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад. Доир ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чунин ибрози назар намуданд: «Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 бо ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидори алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд». Тибқи нақшаи Ҳукумати мамлакат, соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода мешавад.
Ҳамзамон Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки «бо амалисозии ин тадбирҳо соли 2032 истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида, дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба «мамлакати сабз» табдил меёбад».
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо Тоҷикистон ба мамлакати рӯ ба рушд ва тараққиёбанда табдил ёфта, имконияту захираҳои он аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд ва ҳамаи ин ба некӯаҳволии ҷомеа нигаронида шудааст.
Иқтисоди «сабз» раванди рушди устувор буда, ҳадафи асосии он таъмини рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва мувозинати экологӣ дар давраи дарозмуддат аст, ки истифодаи самараноки захираҳои табииро таъмин менамояд. Ҳамзамон иқтисоди «сабз» фаъолияти иқтисодие аст, ки бо истеҳсол, тақсимот ва истеъмоли молҳо ва хизматрасониҳо алоқаманд буда, некӯаҳволии мардум ва нигаҳдории сармояи табииро барои давраи дарозмуҳлат таъмин менамояд.
Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 бо мақсади таъмини иҷрои ҳадафу вазифаҳои он аз 12 бахши асосӣ иборат буда, самтҳои асосии зеринро дар бар мегирад, аз ҷумла истифодаи самараноки энергияи «сабз» ва таъмини сарфаҷӯии энергия, татбиқи иқтисоди «сабз» дар саноатикунонии мамлакат; ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаи кишоварзӣ, рушди нақлиёти «сабз» ва инфрасохтори ба он мутобиқ, амалисозии принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон, такмили низоми хоҷагидории манзилию коммуналӣ ва идоракунии партовҳо, ҳифз ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ ва кам намудани газҳои гулхонаӣ (карбон), иштироки ҷумҳурӣ дар бозорҳои ҷаҳонии сармоягузории «сабз», такмили қонунгузорӣ ҷиҳати истифодаи васеи иқтисоди «сабз», рушди сайёҳии экологӣ, тақвияти маърифати экологӣ ва баробарҳуқуқӣ ва рушди шуғли «сабз».
Бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии мамлакат, аз ҷумла бунёди неругоҳи «Роғун» ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» дар 7 соли оянда иқтидори энергетикии мамлакат иловатан ба 4000 МВт афзоиш дода шуда, ба 10000 МВт расонида мешавад.
Ба гуфтаи иқтсодшиносон, ҳадафи стратегии рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва суботи иҷтимоӣ, таъмини баробарии экологӣ, инчунин истифодаи мақсадноки сармояи ҷалбгардида дар давраи дарозмуҳлат мебошад.
Ин раванд дар самти эътироф гардидани Тоҷикистон ҳамчун мамлакати пешбарандаи принсипи иқтисоди «сабз» идома ёфта, ба гуногунсамтиву рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, фаъолияти самарабахши бахшҳои воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди неруи инсонӣ, таҳкими институтсионалӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ ва афзуннамоии он, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз лиҳози органикӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва энергияи «сабз», инчунин ба ҷалби захираҳои молиявӣ ва истифодаи технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба иқтисоди «сабз» афзалият дода мешавад. Ва яқин метавон гуфт, ки бо амалӣ кардани ин тадбирҳо дар самти иқтисоди «сабз» ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ба «мамлакати сабз табдил меёбад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»