Тоҷикистон-Россия: Ҳамкориҳо вусъат меёбанд

31-05-2018
Нимаи дуюми рӯзи 31-уми майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бо вазири маорифи Федератсияи Россия Василева Олга Юревна доир гардид.
Зимни нишаст қайд гардид, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор муассисаи таҳсилоти олии касбӣ-Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, филиали Донишгоҳи миллии теҳқиқотии «МИСиС» дар шаҳри Душанбе ва филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, ки дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳми муносиб мегузоранд. 
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола теъдоди зиёди донишҷӯён барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба Федератсияи Россия фиристода мешаванд. Аз ин ҷост, ки дар соли 2018 барои донишҷӯёни тоҷик 618 квота ҷудо карда шуд. 
Инчунин, дар 12 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ факултетҳои забон ва адабиёти рус, дар тамоми муассисаҳои олӣ садҳо гурӯҳҳои русӣ амал намуда, дар 175 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ хонандагон дар синфу гурӯҳҳои забони русӣ таълим мегиранд. 
Дар охир, ҷонибҳо вобаста ба сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи сентябри соли хониши нав ба фаъолият оғоз намудани 50 омӯзгори рус дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, таъмини муассисаҳо бо китобҳо, тайёр кардани мутахассисон дар риштаи адабиёти рус ва чанде дигар табодули андеша намуданд.