ТОҶИКИСТОН-САРЧАШМАИ ОБҲОИ ЗУЛОЛ

21-06-2019
21-уми июни соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон-сарчашмаи обҳои зулол» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гашт. 
Дар озмун М. Бобомуродов-сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, З. Мисҳоқова-мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии истифодаи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Ш. Тағойзода-сармутахассиси раёсати сиёсати энергетика ва захираҳои об, рушди илму техникаи Вазорати энергетика ва захираҳои об, С. Эркин- омӯзгори кафедараи дизайн ва меъмории Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иштирок намуданд. 
Дар ифтитоҳ қайд карда шуд, ки мақсад аз баргузории озмун оммавӣ гардонидани ҷанбаҳои воқеии истифодабарии захираҳои обӣ, ҳамзамон ҷалб намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба омӯзишу таҳқиқот, омӯхтани вазъи мушкилоти экологии объектҳои обӣ (обанборҳо, кулҳо, чашма, дарё), водоркунии хонандагону омӯзгорон барои ҳал намудани мушкилоти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад.
Озмун дар бахшҳои намоши «Маҳсули дастони хонандагон», «Ҳимояи корҳои таҳқиқотӣ», «Расми беҳтарин» ҷамъбаст гардида, ба ғолибони озмун ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. 
Саймуҳаммади ИЗЗАТТУЛО