««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Ғолибони он имкон пайдо намуданд бе озмун ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шаванд

19-12-2023
ДУШАНБЕ, 19.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аввали моҳи декабр Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ҷамъбаст гардида, дар он 28 ғолиб бо ҷоизаҳои махсус қадрдонӣ шуданд. Тибқи низомномаи озмун, ҳамзамон ғолибони он баъд аз хатми муассисаи тахсилнамудаистода имкон доранд, ки ба ихтисоси интихобнамудаи худ дар донишгоҳҳои мамлакат ройгон ва бе озмун қабул шаванд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо чанде аз ғолибони озмун ҳамсуҳбат гардид.
Донишҷӯйи Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент, ғолиби ҷойи сеюми озмун Меҳрона Худойбердиева мегӯяд, ки «иштирок дар озмун ва саъю талош барои илмомӯзӣ маро на танҳо ғолиб гардонид, балки тибқи низомномаи он акнун имкон ба даст овардам, ки таҳсили худро дар яке аз донишгоҳҳои олии мамлакат идома диҳам».
Ба гуфтаи ӯ, озмун хеле бамавриду саривақтӣ буд, зеро дар замони ҷаҳонишавӣ омӯзиши таърихи пурифтихори миллатамон моро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбият намуда, ҳисси худшиносии миллиямонро баланд мегардонад. «Бинобар ин барои таъсиси чунин озмуни шаффофу шавқовар ба муассиси озмун- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худ ва тамоми иштирокчиёни озмунро мерасонам, зеро ин озмун моро таърихдону ватандӯст гардонид», — афзуд Меҳрона.
Номбурда мегӯяд, ки пас аз мутолиаи таърихи халқи тоҷик ва пайдо намудани шинохти дуруст аз фарҳангу таърихи гузаштаи хеш мардуми сарбаланди мо боз ҳам беҳтару бештар барои ободсозиву шукуфоии Ватан камари ҳиммат баста, талош менамоянд, то ному пайкори созандаи онҳо низ дар таърихи миллати соҳибистиқлоли мо сабт гардад. Ҳамчунин мутолиаи таърихи халқ, бешак, ба ҷавонони мо таъсири амиқ гузошта, ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд ва онҳоро аз зери таъсири гурӯҳу ақидаҳои ифротӣ берун кашида, дар маҷмуъ ба ватандӯстиву ватанпарастӣ роҳнамоӣ менамояд.
Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент, ғолиби ҷойи сеюми озмун Салима Қодирова иброз дошт, ки озмун дар 4 давр дар саросари мамлакат баргузор гардида, хеле шавқовару хотирмон доир шуд. Ҳамаи даврҳои озмун шаффоф гузашта, доварони нуктасанҷ ба иштирокчиён баҳои одилона гузоштанд.
«Ман ҳамасола дар озмунҳои зиёде иштирок менамоям ва мояи ифтихору сарфарозӣ аст, ки дар ин озмун низ дар байни омӯзгорони зиёде иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ шудам ва аз номи Пешвои миллат мукофот гирифтам. Ин барои ман шарафи бузург аст», — гуфт ӯ.
Салима Қодирова иброз дошт, ки иштирок дар озмун барояш на танҳо ғолибият дод, балки дар баробари иштирок дар озмун бо омӯзгорони зиёде аз тамоми минтақаҳои мамлакат шинос шуда, аз таҷрибаи кори якдигар дар самти таълиму тарбия баҳравар шуданд.
Муаллима пайваста ба мутолиа машғул мешавад, зеро тавре ӯ мегӯяд илм ҳамеша инкишоф меёбад ва инсон бояд дар ҳамаи синн дониш омӯзад.
«Иқдоми Сарвари давлат, яъне таъсиси озмунҳое, ки дар мамлакат баргузор мешаванд, дар самти таълиму тарбияи ҷавонон ва саводнок намудани онҳо нақши муҳим мебозанд. Зеро вақте ҷавонон дар озмунҳо иштирок менамоянд, аз ҳарвақта дида, бештар ва мақсадноктар машғули китобхонӣ шуда, донишу маҳорати худро сайқал медиҳанд», -афзуд Салима Қодирова.
Омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 34-и Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара Таҳмина Раҳмиддинзода ғолиби ҷойм сеюми озмун буда, иброз медорад, ки бо иштирок дар озмун на танҳо ғалаба ба даст овард, балки дониши худро сайқал дода, гузаштаи худро хуб омӯхт, ки онро минбаъд ба шогирдон меомӯзонад.
«Миннатдории худро ба Ҳукумати мамлакат, хусусан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки дар ташаккули худшиносии мардум нақши бориз мегузоранд, баён менамоям. Зеро омӯзиши таърих дар замони ҷаҳонишавӣ муҳимтарин омил дар самти худшиносиву худогоҳии миллӣ ба шумор меравад. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ буда, арҷгузорӣ ба он рисолати ҳар тоҷики ватандӯст аст», -гуфт Таҳмина Раҳмиддинзода.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»