Туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ расонида шуданд

09-04-2024
ДУШАНБЕ, 09.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо,   мактаб-интернатҳо  барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, хонаҳои кӯдакони синни томактабӣ, парваришгоҳҳои наздимактабӣ, мактаб-интернатҳои бачагони лаёқатманд, интернатҳои наздимактабӣ ва хонаҳои бачагон расонида шуд.
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳо расонида мешаванд.
Ин навбат туҳфаҳои Сарвари раъиятпарвару инсондӯсти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб — интернатҳои ҷумҳурӣ тақдим гардиданд.
Туҳфаҳои идона аз сару либос иборат буда, онро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ятимону дигар қишри ниёзманди ҷомеа дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат расониданд.
Ҳамчунин барои тарбиятгирандон дастархони идона бо таомҳои лазиз ва шириниҳо ороста шуд.
Дар маҷмуъ 1565 нафар, аз ҷумла 1127 писар ва 438 духтар —  кӯдакону наврасони бо амри тақдир аз навозиши падару модар маҳрумшуда, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ва бачагони лаёқатманд, ки зери ғамхории ҳамешагии Пешвои раъиятпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, аз ҳадяҳои арзишманд баҳравар шуданд.
Бояд гуфт, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тарбияи насли наврас ва ниёзмандонро дар мадди назар қарор дода, онҳоро то ба ҳаёти мустақил гусел намудан нигоҳубин менамояд. Инчунин барои зисту таҳсил ва илму касбомӯзии онҳо тамоми шароити мусоидро фароҳам меорад.