«УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ» - ТУЛӮИ АВҶИ ФИТРАТ

21-01-2019
Бо нашр шудани китоби нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» тамоми муассисаву идораҳо қисматҳои дахлдори онро мавриди омӯзиш ва сармашқи кори худ қарор дода истодаанд.
Боиси хушнудист, ки тайи солҳои охир чанд асари гаронарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интишор ёфтанд, ки дар онҳо афкори воло ва хирадмандонаи ин сиёсатмадори беназир оид ба масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат ба таври васеъ арзёбӣ шудаанд. 
Бо ҳамин мақсад, рӯзи 19-уми январи соли ҷорӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф   рӯнамоии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» баргузор гашт. Асари мазкур комёбиҳои беназири мамлакатро дар даврони Истиқлолият, давраи эҳё – барқарорсозии давлати навини миллии тоҷикон, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он, Ваҳдати миллӣ, манфиатҳои миллию сиёсати хориҷӣ, мақоми Тоҷикистон дар дунёи муосир ва фардои дурахшони кишварро фаро гирифтааст. 
Дар чорабинӣ Х. Қурбонзода-ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, кормандон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос иштирок намуданд.
Х. Қурбонзода чорабиниро оғоз намуда, доир ба паҳлуҳои алоҳидаи китоби «Уфуқҳои истиқлол»: истиқлолияти давлатӣ – марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон; рушди иқтисодии Тоҷикистон ва дурнамои стратегии он; сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он; ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати дохилии давлат; манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ: мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир; нигоҳе ба фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол ибрози андеша намуданд. 
Дар фарҷом таъкид гардид, ки дар оянда низ мазмуну муҳтавои китоби тозанашри Пешвои миллат дар машғулиятҳои алоҳида мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода мешавад.
Саймуҳаммади ИЗАТУЛЛО – корманди
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм